Абраҳам Готтлоб Вернер
Абраҳам Готтлоб Ве́рнер (олмонӣ: Abraham Gottlob Werner; 25 сентябр 1749[1][2], Osiecznica[d], Silesia Province[d] — 30 июн 1817[3], Дрезден, Кунфедересиюни Олмон[d][4]) — заминшинос ва конишиноси олмонӣ.
олмонӣ: Abraham Gottlob Werner | |
Таърихи таваллуд | 25 сентябр 1749[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 30 июн 1817[3] (67 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | конишиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Johann Carl Gehler[d][5] |
Шогирдон | August Breithaupt[d], Charles Lardy[d], Christian Leopold von Buch[d], Александр фон Ҳумболдт ва Friedrich Mohs[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар Академияи кӯҳкории Фрайберг (1771) ва Донишгоҳи Лейпсиг (1769—1974) таҳсил намудааст. Аз соли 1775 аз минералогия ва кӯҳкорӣ дар Академияи кӯҳкории Фрайберг дарс додааст. Таснифоти минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳиро аз аломатҳои зоҳирӣ бо назардошти таркиби кимиёӣ пешниҳод ва тарҳи стратиграфии ташаккули ҷинсҳои кӯҳиро таҳия кард. Геогнозия — илми тавсифотиро дар бораи қисми болоии қишри Замин ва геология — илми назариявиро умуман дар бораи кураи Замин ҷудо карда, пайдоиш ва сохти амиқи онро таъриф дод. Тадҳқиқоти геологиро асосан дар атрофи Фрайберг анҷом медод, ки ин боиси маҳдудият ва яктарафа будани хулосаҳои ӯ гардид. Ба равияи геологӣ — «нептунизм» сарварӣ мекард. Ба ақидаи Абраҳам Готтлоб Вернер ҳамаи ҷинсҳои кӯҳӣ аз бориш дар қаъри уқёнус ва фаъолияти вулканҳо дар натиҷаи сӯхтани ангишт дар қаъри Замин ба амал омада, дар инкишофи он мақоми хосса надоранд. Ӯ имконоти ҳаракати қишри Заминро инкор намуда (баъзан эътироф кунад ҳам), онро танҳо дар шакли фурӯ рафтани он ба холигиҳои зеризаминӣ тасаввур мекард. Асосгузори мактаби геологҳои Олмон буд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 ВЕ́РНЕР (Werner) Абраам Готлоб (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ 2.0 2.1 Abraham Gottlob Werner (1749–1817): THE AQUEOUS ORIGIN OF BASALT — 1970. — С. 138—142. — doi:10.4159/HARVARD.9780674180666.C34
- ↑ 3.0 3.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118767089 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 4.0 4.1 Вернер Абраам Готлоб // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
вироиш- Вернер Абраҳам Готтлоб // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.