Олмон

кишвар дар Аврупо

Ҷумҳурии Федеролии Олмон (олмонӣ: Bundesrepublik Deutschland) ё Олмон (олмонӣ: Deutschland) — кишвар дар Аврупои Марказӣ. Масоҳати он 357.578 км² буда, аҳолии он (мувофиқи маълумотҳои омор аз 31 декабри соли 2018) беш аз 83 млн. нафар иборат аст.

Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Bundesrepublik Deutschland
Парчам Нишон
Шиор: «Einigkeit und Recht und Freiheit»
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҷумҳурии Федеративии Олмон|Das Lied der Deutschen ]]»
Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ Забони олмонӣ
Пойтахт Берлин
Шаҳри калонтарин Берлин, Франкфурти лаби Майн, Мюнхен, Штуттгарт ва Бонн
Идораи давлат Демократияи парлумонӣ
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
62-ум ҷой дар ҷaҳон
357 578 км²
2,46 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (31.12.2018)
  • Зичӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
83.019.213
232 нафар/км²
Пули миллӣ Евро
Интернет-Домен .de (ва .eu)
Коди телефон +49
Соат UTC
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Таърих

вироиш
Мақолаи асосӣ: Таърихи Олмон

Олмон як таърихи бузургу бой дорад, ки пур аз воқеаҳо мебошад. Дар таърихи Олмон воқеаҳо ва шахсони бузурги хуб ва дар як вақт ба ҳам буданд, ки ба сари Олмон ва халқи бузурги Олмон бадбахтиҳо оварда буд.

Сиёсат ва ҳукумат

вироиш

Бахшбандии кишварӣ

вироиш
 

Тақсимоти маъмурӣ

вироиш

Олмон — кишвари федеративӣ буда, ба он 16 субъектҳои баробарҳуқуқ— заминҳо (Bundesländer) дохил мешаванд, ки сетои онҳо — шаҳрҳоянд (Берлин, Бремен ва Ҳамбург).

Замин Пойтахт Номи олмонии замин Номи олмонии пойтахт
1. Баден-Вӯрттемберг Штуттгарт Baden-Württemberg Stuttgart
2. Кишвари озоди Бавария Мюнхен Freistaat Bayern München
3. Берлин Берлин Berlin Berlin
4. Бранденбург Потсдам Brandenburg Potsdam
5. Шаҳри озоди ҳанзеи Бремен Бремен Freie Hansestadt Bremen Bremen
6. Шаҳри озод ва ҳанзеи Ҳамбург Ҳамбург Freie und Hansestadt Hamburg Hamburg
7. Ҳессен Висбаден Hessen Wiesbaden
8. Мекленбург-Форпоммерн Шверин Mecklenburg-Vorpommern Schwerin
9. Саксонияи Поёнӣ Ҳаннофер Niedersachsen Hannover
10. Райн-Вестфалени шимолӣ Дӯсселдорф Nordrhein-Westfalen Düsseldorf
11. Райнланд-Пфалс Майнс Rheinland-Pfalz Mainz
12. Заар Заарбрӯккен Saarland Saarbrücken
13. Ҷумҳурии озоди Саксония Дрезден Freistaat Sachsen Dresden
14. Саксония-Анҳалт Магдебург Sachsen-Anhalt Magdeburg
15. Шлезвиг-Ҳолштайн Кил Schleswig-Holstein Kiel
16. Ҷумҳурии озоди Thüringen Эрфурт Freistaat Thüringen Erfurt

Тақсимоти хурд аз 438 ҳавзаҳо иборат аст (Kreise).

Ҷуғрофия

вироиш

Иқтисод

вироиш

Аҳолӣ

вироиш

Аҳолии Ҷумҳурии Олмон — 83.019.213 нафар (аз 31-уми декабри соли 2018) аст. Аз ҷумла 7,3 млн аҳолиро асосан мардуми ғайри олмонӣ, яъне хориҷиён ташкил медиҳанд, ки ин 8,9 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Олмонро ташкил медиҳад. Коэффитсиенти таваллуд дар Олмон ниҳоят паст буда, ба 1000 нафар аҳолӣ ҳамагӣ 9 кӯдак рост меояд. Олмониҳо мардуми камфарзанд буда, ба ҳар сар зан 1,3 кӯдак рост меояд. Бо вуҷуди ин афзоиши шумораи аҳолӣ дар солҳои охир аз ҳисоби муҳоҷироне ки аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Олмон баргаштаанд (тахминан 3 млн.), мӯътадил боқӣ монд. Ҳар як чорумин нафар дар шаҳр ва ҳар як ҳафтумин нафар дар деҳот танҳо зиндагӣ мекунад. Миқдори падару модароне ки яккаву танҳо ба тарбияи фарзанд(он) машғуланд, тақрибан ба 2,4 миллион нафар мерасад. Қисми зиёди онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Олмониҳо мардуми дарозумр буда, синни мардон ба ҳисоби миёна ба 74,4 ва синни занон бошад ба 80,6 рафта мерасад.

Олмониҳо мувофиқи сарқонуни ҶФО ҳукуқи озодона интихоб кардани ҷои зисти худро доранд. Баъд аз имзо кардани созишномаи Шенген онҳо ҳатто метавонанд ба кишварҳои дигари узви ин созишнома сафар карда, манзили доимии худро интихоб кунанд. Соли 2002 олмониҳо бо пули миллии худ – Дойчмарк видоъ карда, пули нави Иттиҳоди Аврупоро (Евро)-ро қабул карданд.

Фарҳанг ва маориф

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Олмон дорад