Абри оорт — абри курашакли системаи Офтоб, ки манбаи кометаҳои даврашон тӯлонӣ мебошад.

Рисунок, иллюстрирующий предполагаемый вид облака Оорта

Мавҷудияти Абри Оортро бори аввал соли 1932 астрономи эстонӣ Э. Эпик пешниҳод карда буд. Соли 1950 астрономи нидерландӣ Я. Х. Оорт ин назарияро асоснок кард ва ба шарафи ӯ номи Абри Оорт гузошта шуд. Масофа аз Офтоб то ҳудудҳои Абри Оорт тақрибан 50 000 – 100 000 воҳиди астрономӣ ё як соли рӯшноӣ аст. Массаи Абри Оорт тақрибан 3•1025кг (ё 5,0 массаи Замин) буда, қариб 4,6 млрд. сол пеш ба вуҷуд омадааст ва якчанд триллион ядроҳои кометаҳо дорад. Унсурҳои Абри Оорт аз яхпораҳои дар таркибашон об, аммиак ва метан мавҷудбуда иборатанд. Онҳо дар наздикии Офтоб ташаккул ёфта, зери таъсири қувваҳои ҷозибавии сайёраҳои бузург дар фазои кайҳонӣ паҳн гардидаанд. Ин қувваҳо баъзан кометаҳоро ба маркази Системаи Офтоб тела медиҳанд, ки эҳтимолияти бархӯрди онҳоро бо сайёраҳо зиёд мекунад.

Сарчашма

вироиш