Аброрӣ
Аброрӣ — навъи пиёз. Дар Институти боғдорӣ ва сабзавоткории АИК Тоҷикистон (дар стансияи навъсанҷии Вахш) рӯёнда шудааст (С. Шамсуллоев, Т. Аҳмадов, Б. Сангинов). Дар Тоҷикистон аз соли 2009 мепарваранд. Навъи зудрас буда, ҳосилашро дар шароити иқлими водии Вахш 10 – 15 апрели ҷамъоварӣ мекунанд. Давраи нашви аброрӣ 217 рӯз аст. Даҳаи якуми сентябр кишт карда мешавад (меъёри кишти тухмӣ 14 – 16 кг/га). Аз ҳар га 280 – 300 сентнер ҳосил медиҳад. Дар таркиби аброрӣ 9,3% моддаҳои хушк, 5,6% қанд, 9,9 мг% витамини С мавҷуданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.