Абр
Абр (форсӣ: ابر) — маҳсули муаллақи конденсатсияи буғи об дар атмосфера, ки дар осмон аз сатҳи замин мушоҳида мешавад.
Абр аз қатраҳои хурдтарини об ё зарраҳои ях иборат аст. Абр омили муҳими обу ҳавост, ки низоми бориши атмосфериро муайян мекунад ва ба мизони ҳарорати атмосфера таъсир мерасонад. Абр ба ҳисоби миёна қариб ними гунбази осмонро мепӯшад ва то 109т об дорад. Буғи об асосан дар қисми поёни атмосфера – тропосфера воқеъ мегардад. Бинобар ин, бештарини абрҳо дар баландиҳои гуногуни он пайдо мешаванд.
Пайдошавии абр
вироишҲар гоҳ ки ҳавои нам сард шуда, ба ҳарорати буғи сер, яъне то нуқтаи ҳосил гардидани шабнам расид, абр пайдо мешавад. Хунукшавии ҳаво ба туфайли васеъшавии адиабатӣ ҳангоми ҳаракати амудии он ба амал меояд, ки ин натиҷаи конвексияи термикӣ ва динамикист. Ҳангоми ба серӣ расидани буғи об дар натиҷаи конденсатсия дар сатҳи зарраҳои хурди гигроскопӣ: чанг, ғубор, маҳсули дуд ва ғайра, ки ядрои конденсатсияанд, қатраҳои нав пайдо мешаванд. Сараввал қатрачаҳои абр аз ҳисоби конденсатсияи буғи об меафзоянд; минбаъд қатраҳо ба якдигар бархӯрда якҷоя мешаванд, яъне коагулятсияи элементҳои абр ба амал меояд. Ба туфайли коагулятсия қатрачаҳои Абр то ба андозаи қатраҳои борон мерасанд ва дар шароити муайян аз Абр ба шакли бориш фуруд меоянд. Дар ҳудуди ҳароратҳои манфӣ абр аз қатрачаҳои об, зарраҳои ях ё омехтаи онҳо таркиб ёфта метавонад. Абрҳо аз рӯи намуди зоҳирӣ ва баландии асоси худ аз якдигар фарқ мекунанд. Дараҷаи бо Абр пӯшида шудани гунбази осмон бо мафҳуми абрнокӣ ифода меёбад. Абрнокиро аз рӯи шкалаи даҳбалла ва шакли онро аз рӯи таснифоти байналхалқӣ муайян мекунанд. Балли осмони беабр ба сифр ва осмони пурра абрпӯш ба 10 баробар аст. Баландии абрҳоро визуалӣ (бо дид) ё бо ёрии кура-зондҳо муайян кардан мумкин аст.
Шаклҳои асосии абр
вироишАбрҳои табақаи боло
вироишАбрҳои табақаи боло (баландии асосашон зиёда аз 6 км), ки абрҳои паршакл, паршакли серқабат, паршакли тӯдаро дар мегиранд;
Абрҳои табақаи мобайн
вироишАбрҳои табақаи мобайн (баландии асосашон 2 – 6 км), ки аз абрҳои серқабати баланд, тӯдаабри баланд иборатанд;
Абрҳои табақаи поён
вироишАбрҳои табақаи поён (баландии асосашон камтар аз 2 км), ки дорои абрҳои серқабат, серқабати тӯда, серқабати боронӣ мебошанд.
Абрҳои амудвор ташаккулёбанда
вироишАбрҳое низ мавҷуданд, ки амудвор ташаккул ва инкишоф меёбанд. Асоси онҳо дар баландии 1 – 1,5 км воқеъ гардида, баландии қуллаашон то 10 км ва зиёдтар мерасад. Тӯдаабр ва тӯдаабри боронӣ аз ҳамин қабиланд. Асоси тӯдаабрҳо нисбатан ҳамвор ва қуллаҳояшон гунбазшакл мешавад ва ҳаҷман вусъат ёфта, ба тӯдаабри боронӣ (абрҳои раъдубарқӣ, тундарӣ) табдил меёбанд.
Абрҳосилшавӣ дар Тоҷикистон
вироишБа ҷараёни абрҳосилшавӣ хусусиятҳои географӣ таъсир мерасонанд. Дар Тоҷикистон мавҷудияти кӯҳҳо, гуногунии релйеф ва иқлим сабаби пайдоиши абрҳои маҳаллӣ мегарданд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ, асосан дар болои кӯҳҳо, тӯдаабрҳо инкишоф меёбанд, зеро дар нишебиҳои офтобрӯя ҳаво гарм шуда, боло меравад ва боиси пайдоиши абрҳо мегардад. Абрҳое, ки дар болои қаторкӯҳҳо пайдо мешаванд ва сокин меистанд, «абрбайрақ» ном гирифтаанд. Дар водиҳои баландкӯҳ баъзан шакли аҷиби абр– «тумани кӯҳӣ»-ро мушоҳида кардан мумкин. Дар Помир аз сабаби кам будани намии ҳаво тӯдаабрҳо дар баландиҳои 6 – 6,5 км пайдо мешаванд. Дар водиҳои Тоҷикистон рӯзҳои абрнок кам буда (соле 30 – 40 рӯз), бо зиёд шудани баландии маҳал меафзоянд, дар ағбаю пиряхҳо рӯзҳои абрнок бештар (масалан, дар ағбаи Анзоб 100 ва минтақаҳои баландкӯҳи яхбаста то 150 рӯз ва зиёдтар) мегарданд. Одатан, дар айёми хунуки сол асосан пайдоиши абрҳои серқабат ва дар айёми гарми сол тӯдаабрҳо ва тӯдаабрҳои боронӣ (махсусан дар моҳи май) хос аст. Аз абрҳои раъдубарқӣ борони сел ва бештар жола меборад, ки ба кишоварзӣ зарар мерасонад.
Абр дар дигар сайёраҳо
вироишАбр ғайр аз Замин дар ҳамаи сайёраҳои атмосфераашон газӣ, инчунин Миррих, Зӯҳра, радифони Зуҳал – Титан ва Нептун – Тритон мушоҳида мешавад. Абрҳои ғайризаминӣ табиати гуногун доранд. Масалан, дар Зӯҳра қабатҳои Абр аз кислотаи сулфат иборат буда, дар Титан манбаи боронҳои метанӣ дар ҳарорати –180° мебошанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.