Абсорбсия
Абсо́рбсия (лот. absorptio аз absorbere — ҷабидан) — ҷаббидан, ба худ кашида гирифтан, ҷаббиш, фурӯбарӣ.
Аз омехтаи газҳо ба тавассути моеъ ҷаббида шудани модда. Ҳангоми абсорбсия ҷаббиш дар тамоми ҳаҷми абсорбент мегузарад. Абсорбсия асоси як қатор усулҳои технологии истеҳсолоти майкашӣ мебошад. Абсорбсияи ангидриди сулфат аҳамияти калон дошта, дар майкашӣ ва истеҳсоли шарбат чун антисептик ва антиоксидант истифода мегардад. Абсорбсия ва десорбсияи гази карбонат бо май равандҳои асосии истеҳсоли майҳои пурҷӯш ва газнок мебошанд. Бисёр равандҳои асосии саноатӣ, масалан, истеҳсоли кислотаҳои нитрат, сулфат ва оксалат, сода ва ғайра тавассути Абсорбсия амалӣ мегарданд. Абсорбсия ҳангоми аз омехтаҳои заҳрнок тоза кардани газ ва коркарди нефт, инчунин дар равандҳои физиологӣ низ корбаст мешавад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Абсорбсия // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.