Нонишнома

(Тағйири масир аз Абсурдопедия)

Нонишнома (англ. Uncyclopedia) — номи як лоиҳаи ҳамагонист, ки дар январи соли 2005 тавассути чанд тан аз корбарони собиқи Википедияи Инглисӣ, ки аз қонунҳои сахтгирона ва хушки он норозӣ буданд, таъсис шуд. Идеяи Нонишнома аз сафҳаи «Музахраф вале ҷолиб аст»-и Википедияи Инглисӣ нашъат гирифтааст. Ин вебгоҳ низ аз нармафзори MediaWiki истифода мекунад ва муҳтавиёти он таҳти иҷозатномаи Creative Commons қобили истифода аст.

Нонишнома
англ. Uncyclopedia
URL uncyclomedia.org — фаро Uncyclopedia
uncyclopedia.co — бахши инглисӣ
uncyclopedia.info — феҳристи ҳамаи забонҳо[1]
Навъи вебгоҳ вебгоҳи MediaWiki[d]
Забон(-ҳо) чандинзабона[d]
Макони сервер
Оғози кор 5 январ 2005
Рутбаи Alexa 47 538[2]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар ин вебгоҳ, корбарон дар ҳар мавриде, ки дӯст доранд, аз ҷумла матолиби танз, тавҳиномез, ғайриқобили исбот ва ғайра қарор медиҳанд. Матолиб бояд тавре навишта шаванд, ки ҷанбаи танз дошта бошанд.

Дар ҳоли ҳозир, Нонишномаи Инглисӣ ҳудуди 30 ҳазор мақола дорад. Ҳамчунин, Нонишнома ба 23 забони дигар, аз ҷумла форсӣ, фаъолият мекунад. Дар Нонишномаи Форсӣ низ беш аз 1000 мақола вуҷуд дорад[3].

  1. Таблица разделов по версии координирующей организации UnMeta (Uncyclomedia): http://uncyclopedia.info/
  2. Alexa Internet (ингл.) — 1996.
  3. Мушорикаткунандагони Википедия, «Нонишнома», Википдияи Форсӣ, Донишномаи озод, (Бозёбишуда дар 21 майи 2018).