Абуабдуллоҳи Нотилӣ
Абуабдуллоҳи Нотилӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — риёзидон, табиатшинос, файласуфи форс-тоҷик (асрҳои 10 – 11).
Фазои илмӣ | риёзидон, табиатшинос файласуф |
---|---|
Шогирдон | Абуалӣ ибни Сино |
Зиндагинома
вироишУстоди Абуалӣ ибни Сино. Абуабдуллоши Нотилӣ дар Бағдод таҳсил карда, дар фалсафаю адаб машҳур мегардад, пас ба Бухоро меояд. Бо ёрии Абуабдуллоши Нотилӣ Ибни Синои ҷавон асари Порфирий «Муқаддимаи мантиқ», «Усули»-и Уқлидус, муқаддимаи асари Баллимус «Ал-маҷастӣ»-ро меомӯзад.
Осор
вироишАсарҳои зеринро ба Абуабдуллоши Нотилӣ нисбат медиҳанд: «Вуҷуд ва шарҳи исмиҳи» («Вуҷуд ва шарҳи номи он»), «Илми иксир» (кимиё). Ин асарҳо то замони мо боқӣ намондаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Абуабдуллоҳи Нотилӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.