Абуабдуллоҳи Хоразмшоҳ

Абуабдуллоҳи Хоразмшоҳ (форсӣ: ابوعبدالله خوارزمشاه‎; ? — 996) — фармондори Абевард дар замони Нӯҳ ибни Мансур.

Абуабдуллоҳи Хоразмшоҳ

Аз ривояти муаррихони асримиёнагӣ бармеояд, ки Абуабдуллоҳи Хоразмшоҳ якҷоя бо Муҳаммад ибни Маъмуни Фариғунӣ ба Нӯҳ ибни Мансур хизмати шоистае кардаанд ва амири сомонӣ чун нишони миннатдорӣ Абуабдуллоҳи Хоразмшоҳро волии Абевард ва Муҳаммад ибни Маъмунро волии Нисо таъйин намуд. Аммо Абӯалии Симҷӯр ба Муҳаммад ибни Маъмун фармонравоии Нисоро бахшида, Абевардро вогузор накард. Аз ин рӯ, дар дили Абуабдуллоҳи Хоразмшоҳ нисбат ба Абӯалӣ хусумате пайдо шуд. Пас аз муддате ҳангоми ба яке аз деҳаҳои наздики Хоразм омадани Абӯалӣ Абуабдуллоҳи Хоразмшоҳ ӯро асир гирифт. Муҳаммад ибни Маъмун ба яке аз нишемангоҳҳои Абуабдуллоҳи Хоразмшоҳ шаҳри Кот ё Кос ҳуҷум карда, лашкарони Абуабдуллоҳи Хоразмшоҳро ба қатл расонид ва Абӯалиро озод намуда, Абуабдуллоҳи Хоразмшоҳро асир гардонид ва ӯро дар маркабе бо либосҳои пора-пора баста, ба Хоразм бурданд. Дар як зиёфати оростаи Муҳаммад ибни Маъмун ӯро дар ҳолати тахтабанд оварданд ва пас аз нӯшонидани чанд қадаҳ шароб бо шамшер сарашро аз танаш ҷудо намуданд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш