Абуабдуллоҳи Хоразмӣ
Абӯабдуллоҳи Хоразмӣ (машҳур ба Котибии Хоразмӣ, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Юсуф Котибии Хоразмӣ) - олим, мусиқишинос, муаррих ва қомуснигори тоҷик-форс.
Абӯабдуллоҳи Хоразмӣ | |
Таърихи таваллуд | 910 |
Зодгоҳ | шаҳри Балх |
Таърихи даргузашт | 1009 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | навозанда,овозхон |
Зиндагинома
вироишАбӯабдуллоҳи Хоразмӣ дар зодгоҳаш (Балх) асосҳои назарии илму фарҳангро меомӯ-зад, барои такмили дониш муддате ба Нишопур сафар мекунад. Дар Нишопур фаъолияти омӯзишии Абӯабдуллоҳи Хоразмӣ вусъат ёфта, илмҳои дақиқу инсониро (фалсафа, риёзиёт, адабиёт, мусиқӣ) меомӯзад. Абӯабдуллоҳи Хоразмиро Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ (943-954) ба сифати надим-коргузори дарбор даъват мекунад ва фаъолияти илмию адабиаш дар Бухоро рушд менамояд. Асари энсиклопедиаш «Мафотиҳу-л-улум (Калиди илмҳо)»-ро бо супоришу ба номи Наср ибни Исмоили Сомонӣ анҷом дода, ин асари ӯ бо номи «Қомуси Юсуфи Хоразмӣ» машҳур будааст. Давраи охири умрашро дар Хоразм гузаронида ва тахаллуси «Хоразмӣ»-ро мепазирад. Асари ӯ «Мафотиҳу-л-улум» аз аввалин донишномаҳоест, ки санъат ва илми мусиқиро баъди вуруди ислом дар мизони қомусӣ баррасӣ намудааст. Тавзеҳоти мӯҷази Абӯабдуллоҳи Хоразмӣ дар бораи мусиқӣ дақиқ ва мӯътамаданд.[1]
Адабиёт
вироиш- Котибии Хоразмӣ, Мафотиҳу-л-улум, тар-ҷума ва тасҳеҳи Хидиеҷам, Теҳрон, 1346;
- Раджабов А. К истокам музыкальной культуры таджиков в IХ-Х вв. // Абӯ Али ибн Сино и его эпоха. - Душанбе, 1980;
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. - Душушанбе, 1988.
Ҳамчунин нигаред
вироишСарчашма
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - соли 16 ISBN 978-99947-49-13-3