Абуалии Балхӣ (Абуалӣ Муҳаммад ибни Аҳмад, 935, Хоразм - 993 Нишопур) — шоир ва донишманди арабизабони тоҷик.

Абуалии Балхӣ
Абуалӣ Муҳаммад ибни Аҳмад
Таърихи таваллуд: 935(0935)
Зодгоҳ: Хоразм
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Падараш аз хоразмиён, модараш хоҳари муаррихи маъруф Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (839923) будааст, аз ин рӯ ба вай лақаби Табархазӣ дода буданд. Бо мақсади омӯзиши амиқи улуми замон ва сайру саёҳат дар ҷавонӣ ба Ироқ, Сурия, Ҳалаб ва дигар кишварҳо сафар карда, бо донишмандону адибони он ҷойҳо вохӯрдааст. Пас аз сафарҳо ба Бухоро омада, ба хидмати дарбори Сомониён ворид шуд ва бо вазири Сомониён Абуалии Балъамӣ робитаи дӯстӣ барқарор намуд. Пас аз муддате ба Систону Шероз сафар кард; аз он ҷо ба Нишопур омад ва ба кори таълиму тадрис машғул шуд. Бо хонадони Бувайҳиён (ҳукмронӣ 9351055) наздикӣ дошт, аз ин рӯ, ба таъқиботи вазири Сомониён Абулҳусайни Утбӣ (солҳои вазирӣ 977 – 986) гирифтор шуд ва ба ҷониби Исфаҳон назди Соҳиб ибни Аббод рафт. Пас аз вафоти Утбӣ боз ба Нишопур баргашт. Аз Абубакри Хоразмӣ маҷмӯае бо номи «Расоил» ва девони ашъор боқӣ мондааст. Дар «Расоил» номаҳои ба ашхоси гуногун навиштаи Абубакри Хоразмӣ фароҳам омадаанд. Онҳо барои омӯхтани таърих ва хусусиятҳои насри бадеии садаи X аҳамияти калон доранд. «Расоил» дар Истанбул ва Бамбай ба табъ расидааст. Дар девони ашъори Абубакри Хоразмӣ қасидаҳо, ғазалҳо, марсияҳо, ҳаҷвияҳо ва ғайра ҷамъоварӣ шудаанд. Абубакри Хоразмӣ дар ашъори ҳаҷвиаш баъзе ходимони давлат, халифаҳои Аббосиён, ашхоси коҳилу муфтхӯрро мазаммат кардааст. Шоир хонандаашро ба азму субот, дурӣ ҷустан аз дӯстони риёиву рафтори ношоиста даъват менамояд.

Адабиёт

вироиш
  • Абдуллаев И., Поэзия на арабском языке в Средней Азии и Хорасане X – начала XI веков, Ташкент, 1984.

Сарчашма

вироиш