Ибни Ҳайсам
Абуалӣ Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Ҳайсами Басрӣ (ар. أبو علي الحسن بن الحسن بن الهيثم, номвар ба Ибни Ҳайсам; 965, Басра — 1039, Қоҳира) — аз бузургтарин риёзидонон ва беҳтарин физикдони мусулмони[6] араб[7][8][4] буд. Ӯ аввалин донишманди физики нур дар ҷаҳон аст, ки дар заминаи шинохти нур ва қонунҳои шикасту бозтоби он нақши муҳимме ифо кардааст.
ар. أبو علي الحسن بن الحسن بن الهيثم | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 965[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1039[4][2][3] |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | физик |
Шогирдон | Al-Mubashshir ibn Fātik[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДоир ба соҳаҳои гуногуни табийёт, риёзиёт, тиб ва фалсафа асарҳо таълиф кардааст. «Китоб-ул-манозир» («Оптика») ном асари ӯ соли 1572 бори нахуст ба забони лотинӣ тарҷума шуд. Маълумоте, ки доир ба сохти чашм додааст, ба ақидаҳои илми муосир наздиканд. Ақидаи ӯ дар бораи бо ду чашм дидан ва интиҳо доштани суръати рӯшноӣ ҷолиби диққатанд. Абуалии Басрӣ инъикос ва шикасти рӯшноиро дар муҳитҳои гуногун тадқиқ ва ба зичии муҳит вобаста будани нишондиҳандаи шикастро муайян намуд. Инчунин кӯшиш кард, ки давомоти шафақро ба ҳисоб гирифта, дар асоси он баландии атмосфераи заминро муайян кунад. Абуалии Басрӣ дар «Китоб-уш-шарҳ мусодарат китоб-ил-Уқлидус фӣ-л-Усул» (Шарҳи муқаддимаи «Усул»-и Уқлидус) муқаддамоти (постулатҳои) Уқлидусро таҳлил ва масъалаи хатҳои мувозиро тадқиқ намуд. Чунончи, ӯ нишон дод, ки ду хати рости ҳамбур ба як хати рост мувозӣ шуда наметавонанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Nallino C. A., autori vari Enciclopedia Treccani (итол.) — Istituto dell'Enciclopedia Italiana, 1933.
- ↑ 2.0 2.1 autori vari Философская энциклопедия Треккани (итол.) / G. Bedeschi — Istituto dell'Enciclopedia Italiana, 2009.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Trove — 2009.
- ↑ 5.0 5.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ دائرة المعارف بزرگ اسلامی:ابن هیثم، ابو علی. cgie.org.ir. 6 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 сентябри 2018.
- ↑ Ibn al-Hayt̲h̲am. Encyclopaedia of Islam, Second Edition (15 Январ 2016).
- ↑ OPTICS. www.iranicaonline.org. Encyclopaedia Iranica. 6 Январ 2020 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Абуалии Басрӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.