Абуалии Марвазӣ (форсӣ: ابوعلی مروزی‎; ? — қарни XII) — шоири форс-тоҷик, аз ситоишгарони султон Алоуддин Муҳаммади Хоразмшоҳ.

Абуалии Марвазӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Аз овони ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар сарчашмаҳои адабӣ маълумот дода нашудааст. Тавассути тазкираҳо, аз ҷумла «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ ду қасида ва чанд рубоии Абуалии Марвазӣ то замони мо расидаанд. Абуалии Марвазӣ дар мавзӯъҳои анъанавии адабиёти классикии форс-тоҷик, аз ҷумла панду андарз, масъалаҳои иҷтимоӣ, мадҳ ва ғайра асар эҷод кардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Муҳаммад Авфӣ, Лубоб-ул-албоб, Т., 1333 ҳ. ш.