Абуалии Салломӣ (форсӣ: ابوعلی سلامی‎, Абӯалӣ Ҳусайн ибни Аҳмад ибни Муҳаммади Байҳақии Нишопурӣ; ? — қарни Х) — муаррих, шогирди Иброҳим ибни Муҳаммади Байҳақӣ ва муаллифи китоби «ат-Таърих фӣ ахбори вулоти Хуросон».

Абуалии Салломӣ

Зиндагинома вироиш

Доир ба Саломӣ маълумоти тарҷимаиҳолӣ кам аст. Аз рӯи баъзе маъхазҳои таърихӣ ӯ ба забони арабӣ асари машҳури худ «ат-Таърих фӣ ахбори вулоти Хуросон» («Таърихи волиёни Хуросон») -ро таълиф намудааст, ки воқеаҳои таърихии то асри 10 дар Хуросон рӯйдодаро дар бар мегирад. Таҳрири китоби мазкурро баъди Салломӣ муаррих Абулҳасан Муҳаммад ибни Сулаймон ибни Муҳаммад давом додааст. Асари Салломӣ то ба замони мо нарасидааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Салломӣ / А. Валиев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).