Абуалии Сарахсӣ
Абуалии Сарахсӣ ( Зоҳир ибни Аҳмади Алфақӣ) — шоир, муҳаддис ва фақеҳи форс-тоҷики замони Сомониён, шогирди Абуисҳоқи Марвазӣ, устоди Абусаиди Абулхайр дар ҳадис, муаллифи «ал-Аволӣ».
Абуалии Сарахсӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Зодгоҳ: | |
Кишвар: | |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишҶузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Мувофиқи маълумоти асарҳои «Ҳолот ва суханони Шайх Абусаид», «Асрор-ут-тавҳид» Абусаиди Абулхайр дар назди ин шахс улуми динии ахбор, тафсир ва усулро омӯхтааст.
Осор
вироишАз эҷодиёташ ғазале тавассути «Номаҳо» ва «Тамҳидот»-и Айнулқуззоти Ҳамадонӣ дастрас гардидааст.
Абёти зерин аз он ғазал аст:
Дарой ҷоно, бо ман ба кор, агар ёрӣ,
Вагарна рав, ба саломат, на бар сари корӣ.
На ҳамроҳӣ ту маро, роҳи хеш бигиру бирав,
Туро саломат бодо, маро нигунсорӣ.
Маро ба хонаи хаммор бар, ба-д-ӯ биспор,
Нигар, маро ба ғами рӯзгор наспорӣ.
Набид чанд маро деҳ барои мастиро,
Ки сер гаштам аз ин зиракию ҳушёрӣ.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абуалии Сарахсӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Шарҳи аҳвол ва ашъори шоирони бедевони қарнҳои 3 — 4 — 5 ҳ. қ., Т., 1370 ҳ. ш.