Абубакри Рубобӣ
Абубакри Рӯбобӣ (982, Марв — 1020, Ғазнӣ) — мусиқидон, навозанда, ҳофиз ва охангсози форс-точик.
Таърихи таваллуд | 982 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1020 |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша(ҳо) | мусиқидон, навозанда, оҳангсоз |
Зиндагинома
вироишАсосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, сипас барои такмили дониш ва ҳунар ба шаҳрҳои Бухорову Самарқанд рафт. Дар мактаби ҳунарии Бухоро асосҳои назариявӣ ва амалии мусиқиро омӯхт. Муддати зиёде дар Ғазна зист ва сарварии ҳунармандони дарбори султон Маҳмуди Ғазнавиро ба уҳда дошт. Дар сарояндагӣ пайрави сабки Абуамир буда, сурудҳои халқӣ (фахлавиёт)-ро хеле устодона мехонд. Мисли Абуамир сабки сарояндагии қадамии мардуми Хуросонро такмил додааст ва аҳли мусиқӣ ба ӯ номи фахрии «Хуросонгӯ»-ро додаанд.
Дар сознавозӣ низ анъанаҳои қадимии ниёгони худро идома додааст. Аз ин рӯ ӯро бо унвонҳои «Бубакри Рубобӣ» ва «Мутриби Мовароуннаҳрӣ» низ ном мебурданд. Дар ҳунари музҳикӣ (мазҳака) ҳам истеъдоди хоса дошта, дар иҷрои асарҳои мазҳакавии мусиқӣ бештар комёб шудааст. Абубакри Рубобӣ шогирдони зиёде тарбия намудааст, ки маъруфтаринашон Ситтии Заррин, Муҳаммади Хушнудӣ, Муҳаммади Қаввод, Андалеб, Абдурраҳмони Хонанда, Бобои Музҳик, Амири Музҳик, Нури Хонанда мебошанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абубакри Рӯбобӣ / А. Раҷабов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Раҷабзода А., Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён, Душанбе, 2000;
- Раҷабзода А.,Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ, Душанбе, 2008.