Абубакр Бағдодӣ (риёзидон)
Бағдодӣ, Абубакр Муҳаммад ибни Абдулбоқӣ ал-Бағдодӣ (1050, Басра — 1140, Бағдод) — фақеҳ ва риёзидон. Дар манобеъ бо тахаллусҳои «Қозии бемористон», «Фаразӣ», «Баззоз», «Ансорӣу-л-каъбӣ» низ ёд мешавад.
Осори риёзӣ
вироишШарҳу-л-мақолати-л-ашарати мин китоби-л-Уқлидус
вироиш«Шарҳу-л-мақолати-л-ашарати мин китоби-л-Уқлидус» («Шарҳ ба мақолаи даҳуми китоби Уқлидус»). Нусхаҳои хаттии зиёд аз ин рисола дар китобхонаҳои Париж, Кембриҷ ва Краков мавҷуданд. Олими итолиёӣ Герарди Кремонӣ (1114-87) ин китобро ба забони лотинӣ тарҷума кард, ки дар садаи XIX ду бор дар Аврупо ба чоп расид. Дар ин китоб ададҳои ирратсионалии алгебравии кубии навъи 3√а+3√b, a±√b ва ғ. мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Б. истилоҳоти математикии «адади ратсионалӣ» ва «адади мавҳум»-ро ба илм дохил кардааст, ки аз онҳо мутаносибан реша гирифтан мумкин ҳаст ё нест (дар маҷмӯи ададҳои ҳақиқӣ). Қисми зиёди рисола ба исботи геометрии мақолаи даҳуми «Асосҳо»-и Уқлидус, ки доир ба ададҳои ирратсионалӣ аст, бахшида шудааст.
Ар-рисолату фӣ тақриби усули-л-ҳисоби фӣ-л-ҷабри ва-л-муқобала
вироиш«Ар-рисолату фӣ тақриби усули-л-ҳисоби фӣ-л-ҷабри ва-л-муқобала» («Рисолаи усулҳои тақрибии ҳисоб дар алҷабр ва муқобала») — нусхаҳои ин рисола дар китобхонаҳои Димишқ ва Истанбул мавҷуд буда, баъзан ба унвонҳои дигар низ ёд шудааст.
«Ҷадовилу-л-ҷайби-л-маҳлули дақиқатан-дақиқатан»
вироиш«Ҷадовилу-л-ҷайби-л-маҳлули дақиқатан-дақиқатан» («Ҷадвалҳои синусҳо дақиқа ба дақиқа»). Як нусха аз ин рисола дар китобхонаи Қоҳира мавҷуд аст.
«Ат-табақоту фӣ шарҳи-л-мисоҳат»
вироиш«Ат-табақоту фӣ шарҳи-л-мисоҳат» («Табақот доир ба шарҳи масоҳат»). Нусхаҳои хаттии ин рисола дар китобхонаҳои Санкт-Петербург ва Истанбул мавҷуд буда, унвони китоб «Рисолатун фӣ мисоҳати-л-ашкол» («Рисола доир ба масоҳати шаклҳои геометрӣ») аст.
«Ар-рисолату-л-Муҳаззабияту фӣ-л-ҳисоби-л-ҳивояти»
вироиш«Ар-рисолату-л-Муҳаззабияту фӣ-л-ҳисоби-л-ҳивояти» («Рисолаи Муҳаззабия дар бораи ҳисоб дар фикр»). Ин рисола дар бораи ҳисоби даҳонӣ, арифметика ва алгебра мебошад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Матвиевская Б. А., Розенфельд. Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (8-17 вв). Кн. 2. М., «Наука», 1983.
Сарчашма
вироиш- Бағдодӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.