Абубакр Рабеъ (Абубакр Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнии Бухорӣ тав. номаълум – 983/984) — табиб.

Абубакр Рабеъ
Абубакр Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнии Бухорӣ
Таърихи даргузашт 983(0983)
Фазои илмӣ табиб
Маъруф ба Ахавӣ, Ахавайн, Аҷавайнӣ

Зиндагинома

вироиш

Кунияи ӯро «Абубакр», «Абуҳаким» зикр кардаанд. Бо номҳои Ахавӣ, Ахавайн, Аҷавайнӣ низ шуҳрат ёфтааст. Роҷеъ ба рӯзгори асри Абубакр Робеъ ахбори саҳеҳе дар даст нест. Аз матни асараш «Ҳидоят-ул-мутааллимин фӣ-т-тиб» бармеояд, ки Абубакр Робеъ аз пизишкони маъруфи асри хеш буда, тамоми умр ба табобат машғул будааст. Абубакр Робеъ дар муолиҷаи молихулиё дасти тамом дошта, ба унвони «пизишки девонагон» низ шинохта шудааст. Тибқи шаҳодате, ки аз асари номбурда бармеояд, маълум мегардад, ки Абубакр Робеъ аз аҳли Бухоро будааст. Маъруфтарин асари Абубакр Робеъ «Ҳидоят-ул-мутааллимин фӣ-т-тиб» буда, муаллиф дар он аз таҷрибаҳои беш аз 30-солаи худ ёд кардааст. Абубакр Робеъ дар ин китоб борҳо ба навъи беморӣ ва номи беморони таҳти дармони худ ишора мекунад. Абубакр Робеъ дар таълифи асари мазкур аз таҷрибаҳои бузургоне ба монанди Муҳаммад Закариёи Розӣ, Собит ибни Қурра, Яҳё ибни Мосуя, Ҷолинус, Буқрот ва диг. баҳра бурдааст. Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ ва дигар уламои муътабар, «Ҳидоят-ул-мутааллимин фӣ-т-тиб», ки бо номи «Китоби ҳидоя» шуҳрат ёфтааст, аз ҷумлаи китобҳои дарсии мутадовил дар асрҳои миёна маҳсуб мешудааст.

Асарҳои зеринро ба Абуабдуллоши Нотилӣ нисбат медиҳанд: «Вуҷуд ва шарҳи исмиҳи» («Вуҷуд ва шарҳи номи он»), «Илми иксир» (кимиё). Ин асарҳо то замони мо боқӣ намондаанд.

  • Ахавайнии Бухорӣ, Рабеъ. Ҳидоят-ул-мутааллимин. Ба кӯшиши Ҷалоли Матинӣ, Машҳад, 1344;
  • Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 7, Т., 1377;
  • Мероси Оли Сомон, Х., 2001;
  • Низомии Арӯзӣ, Чаҳор мақоласри Ба кӯшиши Муҳаммад Қазвинӣ ва Муҳаммад Муин, Т., 1333.

Сарчашма

вироиш