Абузарғом Аҳмад ибни Алқасм

Абузарғом Аҳмад ибни Алқасм (форсӣ: ابوزرغام احمد بن القسم‎; ? — қарни Х) — сиёсатмадор ва давлатмарди даврони Исмоили Сомонӣ ва Аҳмад ибни Исмоил.

Абузарғом Аҳмад ибни Алқасм

Зиндагинома

вироиш

Абузарғом дар «Таърихи Табаристон»-и Ибни Исфандиёр ҳангоми нақли авзои Табаристон дар замони ҳукмронии Аҳмад ибни Исмоил зикр мешавад. Бино бар қавли Ибни Исфандиёр, ӯ дар соли 910 волии Сорӣ ва аз наздикони Абӯаббос Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Нӯҳ ибни Асад — волии Табаристон ва писари амми Исмоили Сомонӣ будааст. Дар соли 910 русон ба яке аз навоҳии Табаристон шабехун мезананд ва мардуми бисёреро мекушанд. Абузарғом ба Абулаббос Абдуллоҳ ибни Муҳаммад номае навишт ва мадад хост. Волии Табаристон ба ӯ мадад фиристод ва Абузарғом ба русон ҳуҷум кард, бисёреро бикушт ва дигаронро асир гирифту ба навоҳии Табаристон фиристод. Соли 911 русон бо адади бештар ба Сорӣ ва навоҳии он ҳуҷум карданд ва 50 ҳазор нафарро куштанд, сӯхтанд ва асир гирифтанд.

Адабиёт

вироиш