Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (форсӣ: ابو ابراهیم اسماعیل بن احمد سامانی‎), (апрел 849, Фарғона — вафот 24 ноябр 907, Бухоро) — аз хонадони Сомониён, асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷиконДавлати Сомониён. Исмоили Сомонӣ солҳои 874 – 892 - волии Бухоро ва солҳи 892 - 907- амири Мовароуннаҳру Хуросон ва давлати Сомониён буд.

Исмоили Сомонӣ
форсӣ: اسماعیل سامانی
Амири давлати сомониён
Таваллуд июни 849
Даргузашт 24 ноябр 907
Мадфан
Дудмон Давлати Сомониён
Падар Аҳмад ибни Асад
Фарзандон Аҳмад ибни Исмоил
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор
Мақбараи Сомониён, ш. Бухоро
Ордени Исмоили Сомонӣ
Қуллаи Исмоили Сомонӣ дар Помир

Зиндагинома Вироиш

Исмоили Сомонӣ, амири сулолаи Сомониён, солҳои 874 то 892 волии Насри I Сомонӣ дар Бухоро ва баъди вафоти бародараш Насри I, аз соли 892 амири мутлақи Давлати Сомониён гардид. Ҳанӯз дар аҳди Насри I Сомонӣ, Исмоил ибни Аҳмад саъю кӯшиш намуд, ки дар Бухоро ҳокими мутлақ гардад. Дар натиҷа байни ӯ ва Насри I зиддият ба амал омада, он бо задухурди ҳарбӣ анҷом ёфт. Ҳарчанд Наср сарвари хонадони Сомонӣ буд, вале рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Исмоил боло мерафт. Дар ин миён Исмоил кӯшишҳои мустақилона амал карданро шурӯъ кард. Суханчинҳо ин зиддиятҳоро бештар карда, миёни ду бародар тарҳи душманӣ меафканданд. Сабаби сарзадани моҷаро сарпечии Исмоил аз пардохтани хироҷи Бухоро ба Наср – сарвари Хонадони Сомониён буд. Оқибат миёни бародарон Наср ва Исмоил соли 888 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бо пирӯзии Исмоил ба анҷом расид, вале Исмоил ба бародари асирафтодааш чун пешвои хонадон муроҷиат карда, миёни мардум низ маҳбубияти бештаре касб кард.[1] Соли 892 Наср аз дунё рафт ва мувофиқи васияти ӯ Исмоил сарвари Хонадони Сомониён ва амири Давлати Сомониён (Мовароуннаҳр) гардид.

Хизматҳои таърихии Исмоили Сомонӣ Вироиш

  • дузду ғоратгарони дохилиро дар давлаташ нест кард;
  • ба ҳуҷуми ғоратгаронаи қабилаҳои бодиянишини турк хотима гузошт;
  • соҳибистиқлоли давлати тоҷиконро ба даст даровард;
  • тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросонро ба давлати ягона муттаҳид намуд.[2].

Посдорӣ Вироиш

  • Дар Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 31 июли соли 2001Ордени Исмоили Сомонӣ иборат аз се дараҷа барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст;
  • Ба номи Исмоили Сомонӣ яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузошта шудааст;
  • Соли 1999 ба муносибати 1100 - солагии бузургдошти Давлати Сомониён, дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе маҷмааи меъморӣ ба муносибати Ваҳдати миллӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд гардидааст;
  • Қуллаи баландтарини кӯҳҳои Помир ба номи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст;
  • Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа, Муминобод ва диг. маҷмааи меъморӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд гардидааст;
  • Ба номи Исмоили Сомонӣ номи хиёбону кӯчаҳои шаҳраку ноҳияҳои Тоҷикистон гузошта шудаанд.

Нигаред Вироиш

Ба инҷо ҳам нигаред Вироиш

Эзоҳ Вироиш

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – C. 101.
  2. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б., Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. – Душанбе,2010, – C. 17.