Абӯибоди Муъбад (Маъбуд, Абӯибод ибни Ваҳҳоб, машҳур ба Маъбад, аз муҳоҷирони иҷборӣ буд) — мусиқидон, сарояндаи машҳури аҳди Умавиён (660—752).

Абӯибоди Муъбад
Абӯибоди Муъбад
Таърихи таваллуд 668
Зодгоҳ ш. Мозандарон
Таърихи даргузашт 743 Макка
Пеша(ҳо) сароянда ва мусиқидони тоҷик

Зиндагинома

вироиш

Маъбад асосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро назди падараш ва мусиқидонони эронитабор фаро гирифт ва ба сабаби ин ки аз забони арабӣ кам огоҳ буд, муддате чупонӣ карда, баъди дастёбӣ дар сарояндагӣ ва навозандагӣ ба гурӯҳи мутрибони ҳирфаии Мадина ворид шуд. Ӯ барои такмили пешаи овозхонӣ ба Испания, Бағдод Хуросону Мовароуннаҳр сафар карда, намунаҳои зиёди суруду наворо ҳифз намуд ва дар офарида-ҳояш истифода кард. Дар сабки иҷроӣ мӯътакид ба сабки эрониён буд ва худро ноқили сабки «ат-тариқат-ал-қадима» (сабки бостонӣ) мешуморид ва дар ин равияи сурудхонӣ осорашро меофарид. Дар охири умр овозаш қатъ мешавад. Дар иҷрои достонҳои ҳамосӣ низ истеъдоди баланд дошт. Ҳунари иҷроии ӯ дар адабиёти хаттии форсии тоҷикӣ тавсифи зиёд шуда, шоири сухантироз Манучеҳри Домғонӣ навишта:

Яке чун Маъбади мутриб, дуввум чун Залзали Розӣ,
Саввум чун Ситтии Заррин, чаҳорум чун Алӣ Макӣ.

Ва ё:

То ёд кунанд аҳли дониш,
Аз шеъри Убайду савти Маъбад.[1]
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 17 ISBN 978-99947-49-13-3

Адабиёт

вироиш
  • Девони Манучеҳрии Домғонӣ. — Теҳрон, 1348;
  • Фарҳанги мусиқии Эрон. — Теҳрон, 1376;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 2. — Душанбе, 1989;
  • Абӯлфараҷи Исфаҳонӣ, Китаб-ал-оғани. — Миср, 1900—1905.