Абукомили Мисрӣ
Абукомили Мисрӣ (Шуҷоъ ибни Аслам ибни Муҳаммад ал-Ҳосиб ал-Мисрӣ; 850 — 930) — риёзидони маъруфи араб
Шуҷоъ ибни Аслам ибни Муҳаммад ал-Ҳосиб ал-Мисрӣ | |
Таърихи таваллуд | 850 |
Таърихи даргузашт | 930 |
Фазои илмӣ | риёзӣ |
Зиндагинома
вироишФаъолияти илмии Абукомили Мисрӣ, асосан, ба илми ҳисоб бахшида шудааст ва аз ҳамин сабаб лақаби «ал-Ҳосиб»-ро соҳиб гаштааст. Абукомили Мисрӣ нахустин риёзидонест, ки баъд аз Муҳаммади Хоразмӣ доир ба алҷабр рисола навиштааст. Мероси илмии Абукомили Мисрӣ дар пешрафти илми математикаи замонаш нақши муайяне гузошта, рисолаҳои зеринаш дар китобхонаҳои гуногуни дунё маҳфузанд: «Китоб фӣ-л-ҷабр ва-л-муқобала» («Китоб дар ҷабр ва муқобала»), «Зароиф-ул-ҳисоб» («Тезфаҳмиҳои шумор (арифметика)»), «Мисаҳа ал-мухаммас ва-л-муъашар» («Ҳисобкунии панҷкунҷа ва даҳкунҷа»), «Ал-васойа би-л-ҷузур» («Васият ба воситаи решаҳо») ва «Китоб фӣ-л-ҷамъ ва-л-тафриқ» («Китоб дар бораи ҷамъу тарҳ»).
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.