Абулаббоси Рабинҷанӣ

Абулаббоси Рабанҷанӣ (Абулаббос Фазл ибни Аббос ё Шайх Абулаббос Фазл ибни Аббоси Рабанҷании Бухороӣ ); таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 10).

Абулаббоси Рабанҷанӣ
Абулаббос Фазл ибни Аббос ё Шайх Абулаббос Фазл ибни Аббоси Рабанҷании Бухороӣ
Зодгоҳ
Кишвар
Фазои илмӣ шоир

Зиндагинома

вироиш

Давраи ҷавонӣ ва ибтидои фаъолияти шоирии ӯ дар Рабанҷан ном мавзеи сарзамини онвақтаи Суғд гузаштааст. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» зикр мекунад, ки Абулаббоси Рабанҷанӣ баъди дар шоирӣ ном баровардан ба доираи адабии дарбори Сомониён роҳ ёфт.

Аз мероси адабии ӯ то замони мо ҳамагӣ 6 байт боқӣ мондааст, ки пораи марсияе ба марги амири Сомонӣ – Наср ибни Аҳмад (914 – 943) мебошад:

Подшоҳе гузашт хубнажод,

Подшоҳе нишаст фаррухзод.

З-он гузашта замониён ғамгин,

З-ин нишаста ҷаҳониён дилшод.

Бингар акнун ба чашми ақлу бигӯ

Ҳар чӣ бар мо зи Эзид омад, дод.

Гар чароғе зи пеши мо бардошт

Боз шамъе ба ҷойи ӯ бинҳод,

В-ар Зуҳал наҳси хеш пайдо кард,

Муштарӣ низ доди хеш бидод.

Адабиёт

вироиш
  • Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Чаҳор мақола, Д., 1986.

Сарчашма

вироиш