Абулаббоси Қассоб (Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдулкарими Омулӣ (таваллуд ва вафот номаълум) — шоири мутасаввифи форс-тоҷик (асри 10).

Абулаббоси Қассоб
Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдулкарими Омулӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Аз машоихи машҳури замонаш буд. Ба қассобӣ рӯз мегузаронид. Дар хонақоҳи ӯ, ки дар Омул ҷой гирифта буд, суфиёни машҳуре чун Абусаиди Абулхайр, Абулҳасани Харақонӣ рафтуомад доштаанд. Аз осори Абулаббоси Қассоб баъзе намунаҳо тавассути осори Айнулқуззоти Ҳамадонӣ («Номаҳо», «Тамҳидот») боқӣ мондаанд. Порчаи зерин аз навиштаҳои ӯст:

Дар дидаи дида дидае бинҳодем

В-онро зи раҳи дида ғизо медодем.

Ногоҳ зи сари кӯйи ҷамол афтодем,

Аз дидаву диданӣ кунун озодем.

Адабиёт

вироиш
  • Шарҳи аҳвол ва ашъори шоирони бедевони қарнҳои 3 – 4 – 5 ҳ. қ., Т., 1370 ҳ. ш.

Сарчашма

вироиш