Абулбаракоти Бағдодӣ
Абулбаракоти Бағдодӣ (Ҳуббатулло ибни Алӣ ибни Мулко; ? - 1132, Балх) — файласуф ва табиби машҳури яҳудитабори мусулмон.
ар. هيبة الله ابن ملكا أبو البركات البغدادي | |
Таърихи таваллуд | 1080[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1165[1] |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | файласуф, табиб |
Зиндагинома
вироишДар овони ҷавонӣ аз Мавсил ба Бағдод омада, дар он ҷо монд. Абулбаракоти Бағдодӣ илми тибро дар назди Абулҳасани Саид омӯхт. Баъди касби маҳорати табибӣ ба хидмати дарбори хулафои Аббосӣ даромад ва дар муолиҷаи беморон чунон шуҳрат ёфт, ки ӯро ба дигар шаҳрҳо барои муолиҷаи аъён даъват менамуданд. Султони Салҷуқӣ ӯро барои муолиҷа ба Ҳамадон хонда буд ва ин ҳодисаи ягона набуд. Абулбаракоти Бағдодӣ дар пиронсолӣ ба бемории ҷузом гирифтор шуд ва муҳимтарин асари фалсафии худ – «Ал-муътабар фи-л-ҳикма»-ро бо имлои шогирдонаш дар бистари беморӣ таълиф кард. «Ал-муътабар фи-л-ҳикма» ягона асари муҳими фалсафии Абулбаракоти Бағдодӣ мебошад, ки аз се қисмат – мантиқ, табииёт ва илоҳиёт иборат аст.
Осор
вироишБа ҷуз ин асари фалсафӣ дар соҳаи илми тиб ва ҳайъат Абулбаракоти Бағдодӣ осори бисёре таълиф намуда, дар онҳо дастурҳои таҳияи доруҳои мураккаб ва ҷузъҳои таркибии онҳо, тарзи муолиҷаи беморон, сабаби зуҳури кавокиб ва дигар масоили илми ҳайъатро тадқиқу баррасӣ намудааст. Рисолае низ бо номи «Фи моҳият-ил-ақл» дорад. Абулбаракоти Бағдодӣ яке аз мунаққидони фалсафаи машшоъ низ буд. Дар бахши илоҳиёт дар бораи чигунагии падид омадани касрат аз ваҳдат ба назари машшоиён таъкид менамояд, ки назари машшоиён роҷеъ ба ақли фаъол мушавваш ва дарҳам барҳам аст. Абулбаракоти Бағдодӣ дар бораи таносуби ақли фаъол, ақли фалаки қамар ва вуҷуди нуфуси арзӣ ба машшоиён эрод гирифта, миқдори ақли даҳгонаи машшоиёнро низ намепазирад ва бо истинод ба фариштаву малоикаҳо шумораи ин ақлҳо ё худ фариштагонро беҳудуд мешуморад, ки ҳар яке навъе аз мавҷудоти олами моддиро ҳофизу нигаҳбон мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Internet Philosophy Ontology project (ингл.)
Адабиёт
вироиш- Ғуломҳусайн Иброҳими Динонӣ, Моҷарои динии фалсафӣ дар ҷаҳони ислом, ҷ. 1, Т., 1379, ҳ. ш;
- Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 5, Т., 1383.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.