Абулваҷд (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 16).

Абулваҷд
Тахаллусҳо: Фориғӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Аз зумраи шоирони Мовароуннаҳр аст. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкирааш «Музаккир-ул-аҳбоб» Абулваҷдро чун марди фозил ва хуштабъ васф кардааст. Дар дарбори шоҳ Бобур (ҳукмронӣ 14851530) хидмат намуда, ба обрӯю эътибори баланд ноил гашта буд. Аз осораш намунаҳо ба тавассути тазкираҳо расидаанд.

Абёти зерин аз ӯст:

Гирифт бурқаъ хато моҳи рӯи ҷононро,

Ҳиҷоби куфр бипӯшид нури имонро.

Ҳадиси лаъли лабаш, Фориғӣ, магӯ бо ғайр,

Марез баҳри хасу хор Оби ҳайвонро.

Сарчашма

вироиш