Абулия
Абули́я (юн.-қад. ἀ- — ҳиссачаи инкорӣ ва βουλή — ирода) — беиродагии ранҷурона, заъфи ирода то тамоман гум шудани он, набудани майлу хоҳиш ба фаъолият.
eMedicine | / |
---|
Абулия ҳам дар кӯдакон ва ҳам дар калонсолон пеш аз ҳама нишонаи давраи аввали бемории рӯҳӣ аст. Абулия ҳангоми баъзе бемориҳои рӯҳӣ (психози савдовию шизофрения), зарбхӯрии маҳдуди мағзи сар, бахусус қисмати пешонӣ пайдо мешавад.
Нишонаҳои абулия
вироишДар ҳолати абулия бемор камҳаракат, заиф, беғайрат, ба муҳиту атрофиён беэътино гашта, майлу хоҳиш ва ташаббуси худро гум мекунад. Дар синни кӯдакӣ абулия метавонад боиси сар задани бемории рӯҳӣ гардад. Кӯдаки бемор бе ягон сабаб канораҷӯӣ, нофаъол, парешонхотир мешавад. Чунин ҳолатро калонсолон баъзан танбалӣ мешуморанд, вале тадриҷан бемории кӯдак аён мегардад, ӯ ба машғулиятҳои ҳаррӯза ва рафиқони худ шавқе зоҳир намекунад, рӯзҳои дароз дар ҷойгоҳ беҳаракат хоб меравад, ҳарф намезанад, ҳатто ба нигоҳубини худ аҳамият намедиҳад. Абулияро аз сустиродагӣ, ки дар натиҷаи тарбияи нодуруст ба вуҷуд меояд, фарқ бояд кард. Муваққатан қатъ кардани машғулиятҳо, ба санатория рафтан ва табобати қувватбахш барои рафъи абулия муфид аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.