Абулкаломи Озод
Абулкаломи Озод, Муҳйиддин Аҳмад Ибни Хайруддини Деҳлавӣ (урду: مولانا ابوالکلام محی الدین احمد آزاد, банголӣ: আবুল কালাম মুহিয়ুদ্দিন আহমেদ আজাদ; 11 ноябр 1888 — 22 феврали 1958) — рӯзноманигори урдузабон, сабкшиноси порсигӯй, мутафаккири исломӣ, муборизи роҳи озодӣ ва нахустин вазири омӯзишу парвариши Ҳинд дар замони Гондӣ, ки намунаи исломиро ба унвони сармашқи ваҳдати мардуми Ҳинд тавсия мекард.
урду: ابو الکلام محی الدین احمد آزاد | |
Таърихи таваллуд | 11 ноябр 1888[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 22 феврал 1958[2][1][3] (69 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАсли Абулкаломи Озод аз тоҷикони сарзамини Ҳирот буда, ки дар замони Заҳируддини Бобур поягузори императории хонадони бобурӣ дар Ҳинд ба он ҷо ҳиҷрат кардаанд. Падараш Хайруддини Деҳлавӣ яке аз суфиёни бонуфузи сарзамини Ҳинд соли 1275 ҳ/1859 м ба Макка ҳиҷрат кард. Вай пас аз сукунат дар он ҷо ба духтари хоҳари муфтии Мадина Шайх Муҳаммад ибни Зоҳири Ватрӣ бо номи Олия издивоҷ намуд ва моҳи Зулҳиҷҷаи 1305 ҳ./1888 м дуввумин ва охирин фарзанди эшон Муҳйиддин Аҳмад маъруф ба Абулкаломи Озод, ки номи аслӣ ва таърихиаш Фирӯзбахт аст, дар маҳаллаи Қидра наздик ба Бобуссаломи Ҳарам дар Макка мутаваллид гардид. Хайруддин соли 1316 ҳ./1898 м бо хоҳиш ва исрори муридон ва дӯстонаш бо тамоми аҳли хонавода ба шаҳри Калкуттаи Ҳинд баргашт, ки фарзандаш Абулкаломи Озод ҳанӯз даврони кӯдакиро аз сар мегузаронид.
Ниёгони Абулкаломи Озод бо пешоҳангони таҷдиди андешаи динӣ ва пешвоёни шаръгаройи тариқат дар Ҳинд, ба монанди Шайх Аҳмади Сарҳиндӣ, Шоҳвалиюллоҳи Деҳлавӣ ва Шоҳабдулазизи Деҳлавӣ робитаи фикрӣ ва руҳӣ доштаанд.
Абулкаломи Озод улуми ибтидоӣ ва мутавасситаро назди падараш омӯхта, дар синни понздаҳсолагӣ таҳсил дар низомияро ба поён расонд ва аз ҳамон оғози навҷавонӣ бо ҳофизаи неруманд, зеҳни пӯё, нубуғи фитрӣ, маҳорати фоиқ дар суханронӣ ва бадоҳати насру шеър машҳур гардид. Вай муддате зери таъсири ҷазбаи эътиқодоти ислоҳтабона ва илоҳиёти ақлгаройи сер Саййид Аҳмадхон муассиси донишгоҳи исломии Алигарҳ қарор гирифт ва бар асари тазоди донишҳо ва омӯзаҳои тозаи ӯ бо андӯхтаҳои суннатӣ ва эътиқодоти маврусиаш ва адами тавони эҷоди пайванде дар миёни онҳо соли 1905 дучори буҳрони эътиқодӣ ва гирифтори афкори дингурезӣ гардид ва то авохири соли 1908 як даврае дар миёни нафйу қабул, куфру имон, шакку таҳайюр, беэътиқодӣ ва ҳисгаройиӣ қарор доштааст. Аз сӯйи дигар, мушоҳидаи ихтилофи ақида дар миёни динҳои мухталиф, хоссатан дар миёни фирқаҳои гуногуни пайрави дини ислом ба ин буҳрони руҳӣ дар вай бештар доман зада буд ва фикри ӯро то ҷое ба ҳайрат афканда, ки дар бораи худи дин низ ба шак афтода буд. Ба гуфтаи худаш: Ба ҷое расидам, ки занҷирҳои одатҳо ва расму ойини тарбияи қадимӣ, ки бар дасту поям баста буданд, гусехта шуданд ва аз он бандҳо озод шудам ва бар он шудам, ки роҳи хешро худ биёбам. Дар ин давра буд, ки тахаллуси Озодро барои худ баргузидам, то дигар пойбанди боварҳои куҳан ва одатҳои маврусӣ набошам. Саранҷом, пас аз чанд соле рӯёрӯйӣ бо ин танишҳои фикрӣ бо тавфиқи илоҳӣ ба шакку тардиди худ дар бораи эътиқодоти динӣ ва андешаҳои руҳан ҳазмногаштааш поён бахшид ва ба ҳавзаи имон ба Худо бозгардид.
Фаъолият
вироишДавраи рӯзноманигории Абулкаломи Озод бо таъсиси маҷаллаи ислоҳталаби Лисонуссидқ оғоз шуд ва пас аз баста шудани он бо Аннадва, органи нашаротии Надватулуламои Ҳинд дар Лакнау, ки зери назари Муҳаммад Шиблии Нуъмонӣ фаъолият мекард ва рӯзномаи маъруфи Вакил дар Амритсар ба ҳамкорӣ пардохт ва соли 1906 сардабирии он рӯзнома ба вай супурда шуд.
Абулкаломи Озод зимни сафаре ба баъзе кишварҳои Шарқи Авсат ва Аврупо тайи солҳои 1908—1912 дар Ироқ, Туркия, Миср ва Порижу Ландан бо пешоҳангони бедории исломӣ дар ҷаҳони араб ва ислоҳталабони турк (ҷавонтуркони камолӣ) дидор ва бо андешаҳои ислоҳии онҳо аз наздик ошно гардид. Навиштаҳои муосирони ҷаҳони араб, ки аз фароянди мактаби фикрии Саййид Ҷамолуддин Афғонӣ ва шогирдаш муфтии диёри Миср Муҳаммад Абду нашъат мегирифтанд, бахусус андешаҳои исломӣ ва афкори ислоҳталабонаи Рашид Ризо муассиси маҷаллаи пурнуфузи Алманор Абулкаломи Озод-ро зери таъсир қарор доданд ва баъдҳо дар фароянди андешаҳои сиёсӣ, фикри динӣ ва муборизаҳои озодихоҳии вай нақши созандае доштаанд.
Вай соли 1912 пас аз бозгашт дар Бангол маҷаллаи ҳафтагие бо номи Арҳилол мушобеҳи маҷаллаи Урватулвусқои Саййид Ҷамолуддин роҳандозӣ намуд ва дар тавҷеҳот ва мақолоти худ нахуст ба эҳёи дубораи руҳи исломи қуръонӣ ба унвони ягона роҳи ҳалли мушкилоти миллат дар миёни мусалмонони Ҳинд пардохт ва дар марҳалаи баъдӣ мехост мусалмононро аз тариқи мушоракат бо ҳизби анҷумани Ҳинд ба сӯйи ҷунбиши сиёсие барои касби истиқлол ва таъсиси давлати худмухтор раҳнамун гардад.
Абулкаломи Озод яке аз пешгомони ҷунбиши озодихоҳии Ҳинд бо роҳбарии Муҳомото Гондӣ ва аз дӯстони ӯ буд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Pletcher K. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ نويهض ع. مُعجم المُفسِّرين (араб.): من صدر الإسلام وحتَّى العصر الحاضر — 3 — بيروت: مؤسسة نويهض الثقافية للتأليف والترجمة والنشر, 1988. — С. 51. — 1023 с.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118896814 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
вироиш- Абулкаломи Озод // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.