Абулмузаффари Писанҷадӣ

Абулмузаффари Писанҷадӣ (? — қарни XI) — шоири форс-тоҷик.

Абулмузаффари Писанҷадӣ
Солҳои эҷод: шоир
Забони осор: форсӣ

Эҷодиёт

вироиш

Дар манбаъҳое, ки дар бораи ин шоир маълумот додаанд, масоли, «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ, ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш наомадааст. Дар ҳамин манбаъ баробари тавсифи ӯ чун шоири моҳиру тавоно се қитъа (12 байт) аз эҷоди ӯ оварда шудааст. Абулмузаффари Писанҷадӣ дар ин байтҳояш оташ (оташи миёни хокистар), гули ёсуманро васф намудааст. Шеърҳои ӯ нафосат ва зебоӣ, муқоисаи бемонанд ва ташхиси ҷолиб доранд, ки гувоҳи шоири ширинкалому мушоҳидакор будани ӯянд. Дар васфи оташ гуфтааст:

Ҳаме бибинӣ оташ миёни хокистар,
Чу офтоб, ки гирад зи меғ тири ҳиҷоб.
Чу рӯи духтари дӯшиза, к-ӯ хиҷил гардад,
Ниқобро ба рух андар кашад ба вақти итоб.

Ёсумани шукуфтаро ба ҳолати ғамангези қаҳрамони лирикӣ монанд кардааст:

Нигоҳ кун ту ба-д-он ёсумани шукуфта ба боғ,
Сараш ба пеш дарафканда рост чун сари ман.

Адабиёт

вироиш
  • Абдуллоев А., Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI, Д., 1979.