Абулмузаффари Тоҳир

Абулмузаффари Тоҳир ибни Фазл (соли таваллуд номаълум – вафот соли 987) — шоир ва сиёсатмадори форс-тоҷик.

Абулмузаффари Тоҳир
Таърихи даргузашт: 987(0987)
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Аз хонадони Чағониён. Дар сарчашмаҳои адабӣ абёти пароканда, порчаҳои шеъри Абулмузаффари Тоҳир боқӣ мондаанд, ки аз ҷиҳати мавзӯъ, услуб, тарзи нигориш гувоҳи маҳорати баланди шоирии ӯ мебошанд. Дар ғазалиёт ва рубоиёташ ишқу муҳаббат, манзараҳои табиатро васф кардааст. Шеърҳояш дорои сувари бадеӣ, афкору андешаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Аз нокомию номуродиҳои рӯзгор шикоят кардааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Бертельс Е. Э., История персидско-таджикской литературы, М., 1960.

Сарчашма вироиш