Абулфазли Миколӣ

Абулфазли Убайдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Алии Миколӣ (ар

Абулфазли Убайдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Алии Миколӣ (ар. أبو‌الفضل عبيد‌الله بن أحمد بن إسماعيل بن عبد‌الله بن علي الميكالي‎; ?, Нишопур27 июн 1045, Нишопур) — донишманд, адиб ва шоири араб, яке аз намояндагони Оли Микол (хонадони маъруфи тоҷик, ки дар аҳдҳои 9 — 11 мақом ва нуфуз доштанд).

Абулфазли Миколӣ
Абулфазли Миколӣ Убайдуллоҳ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 27 июн 1045
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Дар Нишопуру Бухоро ва Макка аз донишмандони бузурги давраш илми ҳадис омӯхт ва чун муҳаддиси тавоно ба камол расид. Маҳфили дарси ҳадис таъсис дод, ки то охири умраш барпо буд. Дар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ (осори Саолибӣ, Утбӣ, Бохарзӣ ва дигар) Абулфазли Миколӣ чун суханвари тавоно дар насру назм ситоиш шудааст.

Девони Миколӣ

вироиш

Ба девон доштанаш ишора шудааст, вале он то замони мо нарасидааст. Маҷмӯи ашъори аз сарчашмаҳо ҷамъ овардашудаи Абулфазли Миколӣ (дар шаҳри Лейпсиги Германия соли 1908 ба табъ расидааст) дар аксари навъҳои шеър даст доштани ӯро тасдиқ мекунанд. Мавзӯи ашъораш ишқ, тавсифи табиат (гулҳои райҳон, лола, наргис, бунафша, дамидани субҳ, барфи рӯи барги дарахтон, шароб, асп ва ғайра), ихвониёт, марсияҳо, панду ҳикмат ва ирфон (динӣ) мебошад. Бештар аз санъатҳои бадеии ташбеҳу истиора истифода кардааст. Ба қалами Абулфазли Миколӣ инчунин асарҳои мансури «Махзан-ул-балоға» (маҷмӯаи номаҳову руқаот ба баъзе ашхос ва посухи онҳо), «Фазоил-ул-мулук» (асари таърихӣ), «Шарҳу ҳамосат Абутаммом» (шарҳи ашъори Абутаммом), «Шарҳи девони Мутанаббӣ», «Китоб-ул-мунтаҳил» (мунтахабе аз назму насри араб аз давраи ҷоҳилия то садаи X; нусхаҳояш дар Туркия ва Англия мавҷуданд) тааллуқ доранд.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Сомониён, ҷ. 1, Х., 2009.

Сарчашма

вироиш