Абулфазли Хуҷандӣ
Имом Абулфазл Зиёд ибни Муҳаммад ибни Алии Хуҷандӣ (форсӣ: امام ابوالفضل زیاد ابن محمد ابن علی خجندی; ? — октябри 1023[1]) — ровии ҳадис, донишманди тоҷики даврони Сомониён.
Абулфазли Хуҷандӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Вироиши Викидода |
Наҷмуддини Насафӣ бо зикри силсилаи ровиён ҳадисеро аз номи ин донишманд зикр менамояд, ки онро Алӣ ибни Абутолиб аз паёмбар Муҳаммад шунида буд. Аз рӯи ахбори китоби «ал-Қанд», маълум мешавад, ки ин донишманди хуҷандӣ дар Самарқанд зиндагӣ ба сар мебурда ва яке аз устодони ӯ Абушуҷоъ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Ҳамза ном доштааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ پارسی ویکی. معنی خجندی | لغت نامه دهخدا(форсӣ). پارسی ویکی. 4 октябри 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Имом Абулфазл Зиёд ибни Муҳаммад ибни Алии Хуҷандӣ / А. Насриддинов // Донишномаи Сомониён ҷ. 1. — Х. : Нури маърифат, 2008