Абулфазл Суккарии Марвазӣ
Абулфазл Суккарии Марвазӣ (Абулфазл Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Зайди Суккарии Марвазӣ; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири арабизабони аҳди Сомониён (асри 10).
Абулфазл Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Зайди Суккарии Марвазӣ | |
Зодгоҳ: | Марв |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишДар шаҳри Марв зиндагӣ ва эҷод мекард. Дар эҷодиёташ суннати корбасти зарбулмасалу мақолҳои форсии тоҷикиро дар шеъри арабизабон, ки шоири арабизабони эронинажод Солеҳ ибни Абдулқуддус (вафот 783) оғоз карда буд, идома додааст. Дар ҳар як 30 байте, ки аз ӯ дастрас гардидааст («Ятимат-уд-даҳр»-и Саолибӣ) як зарбулмасал ва мақоли форсии тоҷикӣ мавҷуд аст, ки имрӯз ҳам мустаъмаланд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдуллаев И., Поэзия на арабском языке в Средней Азии и Хорасане X – начале XI веков, Ташкент, 1984;
- Мардони Т. Н., Арабско-таджикское двуязычие в поэзии XI – X веков, Д., 1993.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.