Абулфараҷи Рунӣ (форсӣ: ابوالفرج ابن مسعود رونی‎; 1039, Нишопур1099) — шоири форс-тоҷики дарбори султон Иброҳими Ғазнавӣ. Ӯ аз нахустин шоирони порсигӯи Ҳинд ба шумор меравад.

Абулфараҷи Рунӣ
Таърихи таваллуд: 1039
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1099
Навъи фаъолият: шоир, нависанда

Зиндагинома

вироиш

Ў соли 1039 милодӣ дар деҳаи Руни вилояти Лоҳури Ҳиндустон таваллуд ёфта, дар зодгоҳаш таҳсили илм намудааст. Ў чун донишманд исломӣ ва суханвари бомаҳорат ба камол мерасад. Абулфараҷи Рунӣ ба шаҳри Ғазнин, ба дарбори Султон Иброҳим (солҳои ҳукмрониаш 1059—1099 милодӣ) даъват шуда, чун надим ва шоири дарбор хидмат кардааст ва дар мадҳи амирон ва вазирони сулолаи Ғазнавиён қасидаҳои ғарро сурудааст. Ў дар охири умр ба зодгоҳаш бармегардад ва дар он ҷо соли 1108 милодӣ вафот мекунад (1, 20)

Мероси адабӣ

вироиш

Аз Абулфараҷи Рунӣ девоне боқӣ мондааст, ки бо кӯшиши донишманди рус, профессор Чайкин соли 1928 милодӣ дар Эрон ба нашр расидааст. Чопи инти қодии девони ӯ бо саъй ва эҳтимоми донишманди эронӣ Маҳмуд Маҳдии Домғонӣ сурат гирифтааст. Девони Абулфараҷи Рунӣ қасида, қитъа ва ғазалу рубоиётро дарбар мегирад. Қасидаҳои вай бештар хусусиятҳои ҳасбиҳоливу тарҷумаиҳолӣ дошта, во қеъаҳои таърихиро ба риштаи тасвир кашидаанд. Ў ба муносибати тахтнишинии шоҳон ва бунёди қасру кӯшкҳои нав чанд қасидаи таҳниятӣ низ сурудааст. Ғазалҳои Абулфараҷи Рунӣ миқдори каме маҳфуз мондаанд, вале қитъаҳояш нисбатан зиёд буда, дорои мазмуни баланди иҷтимоианд. Мавзӯъҳои тан қидӣ дар осори манзуми Абулфараҷи Рунӣ пур қувват аст ва ӯ беадолатии замонро фош карда, ғаму кулфати хирадмандон ва аҳли адабро маҳз аз номусоидии иҷтимоӣ ва беадолати давру замон донистааст. Ӯ сабк аввали даврви ғазнавиро, ки онро бояд сабки такомулёфтаи давраи Сомонӣ шумурд ба дур афканд ва шеваи нав падид овард.(2, 471)

Намунаи осор

вироиш
Гардун зи барои ҳар хирадманд,
Сад шарбати ҷон ғизо даромехт.
Гетӣ зи барои ҳар ҷавонмард,
Ҳар заҳр, ки дошт, дар қадаҳ рехт.
Бар аҳли ҳунар ҷафо кунад чарх,
Натвон зи ҷафои чарх бигрехт.
Чун ҳаст замона сифлапарвар,
Кай дасти замона бартавон бехт?
Чун кунӣ харон ҳама саронанд,
Даст аз думи ҳар бибояд овехт (1, 21)

Чунин афкори тан қидӣ ва баландмазмун дар девони шоир бисёранд ва моҳияти осори манзуми Абулфараҷи Руниро муайян мекунанд. Инчунин ашъори иш қӣ ва манзаравӣ низ дар ашъори ин суханвари маъруф мав қеъ ва ма қоми арзанда доранд. Як хусусияти ҷолиби осори адабии вай сабки баёни ӯст. Абулфараҷи Рунӣ нахустин суханварест, ки ба сабки машҳури хуросонӣ рахна зада, шеъри худро бо тарзи нав — сабки иро қӣ пайваст сохтааст ва чун поягузори сабки тозаи иро қӣ ном баровардааст. Ин сабки адабӣ пас аз Абулфараҷи Рунӣ такомул ёфта, дар қарни дувоздаҳуми милодӣ ҳамчун услуби маъмулии назми форсӣ шеваи нигориши бисёр адибон қарор гирифт. Ба ин маънӣ вай дар адабиёти форсӣ суханвари забардаст ва навовар мебошад. Ў дар рушди назм ва ривоҷу равна қи забон ва адаби форсии дарӣ дар сарзамини Ҳинд хидмати арзандаеро ба ҷо овардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Суханварони Ғазнин. Таҳиягар ва мураттиб: Муҳаммадиқболи Садриддин. — Душанбе,2010. — С.?
  • Сафо Забеҳуллоҳ. Тарихи адабиёт дар Эрон.Ҷ. 2. — С. 470