Абулфараҷи Сигзӣ
Абулфараҷи Сигзӣ маъруф ба Симҷурӣ (? — 1003) — шоири форс-тоҷик.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1003 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | шоир |
Забони осор: | форс-тоҷик |
Зиндагинома
вироишДар Систон, дар боргоҳи Симҷуриён, ки аз ҷониби Сомониён ҳукумат доштанд, зиндагӣ ва эҷод кардааст. Абулфараҷи Сигзӣ дар мадҳи ҳокими Симҷуриён — Абуалии Симҷур (вафот 997) қасидаҳо навишта, Султон Маҳмуди Ғазнавиро ҳаҷв кардааст. Маҳмуди Ғазнавӣ Абулфараҷи Сигзиро ба қатл расониданӣ мешавад, вале ӯ бо мадади шоир Унсурӣ аз хашму ғазаби Маҳмуд раҳоӣ ёфт. Аз ашъори шоир дар тазкираю фарҳангҳо байтҳои пароканда боқӣ мондаанд, ки асосан мазмуни мадҳию ҳаҷвӣ доранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абулфараҷи Сигзӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.