Абулъалои Шуштарӣ (форсӣ: ابوالعلاء شوشتری‎; ? — қарни Х) — шоир ва адабиётшиноси форс-тоҷик. .

Абулъалои Шуштарӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: шоир
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Ҷузъиёти зиндагиномааш маълум нест. Шоирону адибони асрҳои 11 — 12 аз ӯ чун шоири забардасту тавоно ёд кардаанд. Масалан, Манучеҳрӣ Абулъалои Шутариро дар як шеъраш аз ҷумлаи шоирони забардасти аҳди Сомониён ном бурдааст. Абулъалои Шутарӣ яке аз аввалин касонест, ки рисолаҳои адабиётшиносӣ таълиф кардааст. Бино ба ишораи Родуёнӣ, дар илми арӯз ба забони форсӣ-тоҷикӣ асаре таълиф карда будааст.

Эҷодиёт

вироиш

Аз осори Абулъалои Шутарӣ то ҳол 19 байти дар фарҳанги Асадии Тусӣ («Луғати фурс») ва «Тарҷумон-ул-балоға»-и Родуёнӣ сабтгардида дастрас шудаанд. Ду байт ба тарзи муаммо ба номи «Алӣ» дорад, ки ин нишонае аз қадимӣ будани муаммонависӣ мебошад. Абёти дигараш дар мавзӯъҳои ишқӣ, ситоиши май нигошта шудаанд. Абёти зерин намунае аз ашъори ӯст:

Биёвар он ки гувоҳӣ диҳад зи ҷом, ки: «Ман
Чаҳор гавҳарам андар чаҳор ҷой мудом -
Зумуррад андар токам, ақиқам андар ғужб,
Суҳайлам андар хум, офтобам андар ҷом».

Адабиёт

вироиш
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Д., 2007.