Абулқосим Ҳасан ибн Аҳмад Унсурӣ
Абулқосим Ҳасан ибн Аҳмад Унсурӣ (форсӣ: ابوالقاسم حسن بن احمد عنصری; 980 ё 970, Балх, вилояти Балх — 1039, Ғазнӣ) — яке аз шоирон адабиёти классикии форсу тоҷик аст.
ابوالقاسم حسن عنصری بلخی | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 980 ё 970 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1040-1050 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ ва тоҷикӣ |
Зиндагинома Вироиш
Абулқосим Ҳасан ибн Аҳмад Унсурӣ аслан балхӣ буда, тахаллусаш Унсурӣ аст. Дар бораи хаёташ маълумоти кофи нест. Вай дар Балх дар байни солҳои 970—980 ба дунё омадааст. Ба дарбори Ғазнавиён роҳ ёфта, яке аз дӯстони наздики султон Маҳмуд гардида, тахаллуси «Маликушшуаро»-ро гирифтааст. Вай дар ҷавони забони арабӣ, мантиқ ва илмҳои замонашро омӯхтааст. Соли вафоти Унсурӣ ба 1040-1050 ба пош хурдани сулолаи Ғазнавиён рост меояд.
Эҷодиёти шоир Вироиш
Эҷодиёташ уро ҳамчун шахси донишманди замони худ муаррифи мекунад. Девонаш аз 30 000 байт иборат буд, ки 2500- тоаш то замони мо расидаанд. Ба дарбори султон Махмуд танхо шоироне рох меёфтанд, ки хамфикрони Унсури буданд. Касидаҳои зиёди ӯ дар бораи галабаҳои султон Махмуд мебошанд. Унсури дар эҷодиёташ лашкаркашии султон Махмудро ба Ҳиндустон барои ба даст овардани тилои зиёд тасвир кардааст. Баъди вафоти султон Махмуд Унсури «нутки таърифи» тайёр мекунад. Аммо дар нуткаш аз марги султон Махмуд он кадар ёдрас нашуда, бештар шохи оянда султон Масъудро таърифу тавсиф менамояд. Унсурӣ чанд достони ошиқонаеро аз қабили «Вомиқу Узро», «Сурхбут ва Хингбут», «Шоҳбар ва Айнулҳаёт» ба назм даровардааст, ки аз онҳо чанде абёти пароканда то замони мо расидаасту халос. Аз «Вомиқ ва Узро» то имрӯз 515 байт ба даст даромадааст. Эҷодиёташ уро ҳамчун шахси донишманди замони худ муаррифи мекунад. Девонаш аз 30 000 байт иборат буд, ки 2500- тоаш то замони мо расидаанд. Ба дарбори султон Махмуд танхо шоироне рох меёфтанд, ки хамфикрони Унсури буданд. Касидаҳои зиёди ӯ дар бораи галабаҳои султон Махмуд мебошанд. Унсури дар эҷодиёташ лашкаркашии султон Махмудро ба Ҳиндустон барои ба даст овардани тилои зиёд тасвир кардааст. Баъди вафоти султон Махмуд Унсури «нутки таърифи» тайёр мекунад. Аммо дар нуткаш аз марги султон Махмуд он кадар ёдрас нашуда, бештар шохи оянда султон Масъудро таърифу тавсиф менамояд.
Унсурӣ чанд достони ошиқонаеро аз қабили «Вомиқу Узро», «Сурхбут ва Хингбут», «Шоҳбар ва Айнулҳаёт» ба назм даровардааст, ки аз онҳо чанде абёти пароканда то замони мо расидаасту халос. Аз «Вомиқ ва Узро» то имрӯз 515 байт ба даст даромадааст.
Аз қасоид Вироиш
- Баҳорзиннат боғе, на боғ, балки баҳор,
- Баҳорхонаи мушкӯю мушкбӯйи баҳор.
- Сиришти табъашро ҳар чаҳор табъҳавост,
- Ниҳоди солашро ҳар чаҳор фасл баҳор.
- Зи ранги сурати ӯ корномаи наққош,
- Зи бӯйи турбати ӯ борномаи аттор.
- Ҳаво зи накҳати буяндагони ӯ Тибет
- Замин зи нузҳати бинандагони ӯ Фархор.
- Ба сар зи сурати ӯ олами сувар гардад,
- Агар нигоҳ кунӣ жарф сӯйи он девор.
- Чу марғзор яке шер дорад андар бар,
- Чу воқвоқ яке рӯйи мардум орад бор.
- Ба сони карк яке пил баркашида ба шох,
- Ба сони арк яке бар ҳаво кашида ҳисор.
- Ҳисорҳои бар амсоли миноранг,
- Ирам наянду ҷудо ҳар яке ирамкирдор.
- Ба сони қуббаву «Аржанг»-и Монавиш ғилоф,
- Ба сони каъбаву дебои хусравиш изор…
Аз ғазалиёт Вироиш
- Мушкин шавад чу бод ба зуфи ту бугзарад,
- Ошиқ шавад касе, ки ба руйи ту бингарад.
- Бар ғолия бимонад бар орази ту бод,
- Гоҳаш ба ӯ бимоладу гаҳ боз бистурад.
- Гар пушт ёбад аз рухи ту лола бишкуфад,
- В-аз бими ғамзагони ту наргис бипажмурад.
- Найранги чиниёнаву Аржанги чиниён,
- Ҳар шаб ба назди чашму рухи ту кӣ оварад?
- В-он сад ҳазор ҳалқаи мушкини пуршикан,
- Ҳар соате ба гирди гули ту кӣ густарад?
- Чашми тар аст мояи найрангу дилбарӣ,
- Наргис надидаем, ба найранг дил барад.
- Табъе бар он ду зулфи ту чандон гиреҳ фитод,
- К-аш марди ҳандисӣ ба дусад сол нашмарад.