Абулҳайсами Гургонӣ
Абулҳайсами Гургонӣ Хоҷа Аҳмад ибни Ҳасан (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (охири садаи X – ибтидои садаи XI).
Номи пурра | Абулҳайсами Гургонӣ Хоҷа Аҳмад ибни Ҳасан |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форс-тоҷик |
Зиндагинома
вироишАбулҳайсами Гургонӣ дар овони ҷавонӣ ба омӯхтани илму ҳикмати замони худ таваҷҷуҳи зиёд дошта, шеърро некӯ месурудааст. Носири Хусрав дар асари худ «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» ӯро ба некӣ ёд кардааст. Аз ашъори ӯ як қасида пайдо гардидааст, ки ақидаҳои фалсафию ирфонии Абулҳайсами Гургониро ифода мекунад. Носири Хусрав ба ин қасида шарҳ навишта, шоир Абусаиди Нишопурӣ шарҳи абёти онро дар китоби алоҳидае ҷой додааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Заҳрои Хонларӣ, Роҳнамои адабиёти форсӣ, Т., 1340 ҳ. ш.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.