Абулҳасани Пушангӣ
Абулҳасани Пушангӣ Алӣ ибни Аҳмад ибни Саҳл (соли ва ҷойи таваллуд номаълум – 959, Нишопур) — ориф ва зоҳиди Хуросон, аз ҷумлаи аҳли футуввати Хуросон, шогирди Абуҷаъфар Муҳамад ибни Абурраҳмони Шомӣ ва Ҳусайн ибни Идриси Ансорӣ.
Таърихи даргузашт | 959 |
---|---|
Маҳалли даргузашт | Нишопур |
Зиндагинома
вироишАз аҳли Пушанги Ҳирот буд. Зодгоҳи худро дар овони ҷавонӣ тарк карда дар Нишопур иқомат ихтиёр намуд. Ҳангоми дар Ҳирот буданаш аз Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Абдурраҳмону Ҳасан Идриси Ансорӣ ва дар Нишопур аз Абуусмони Хайрӣ илми ҳадис омӯхт. Абулҳасани Пушангӣ дар илми тавҳиду муомилот аз машоихи бузурги замони худ маҳсуб мешуд ва дар футувват ном бароварда буд. Дастгирии мустамандонро ба худ воҷиб медонист. Ҳангоми дар Ироқ буданаш ӯро ба илҳод муттаҳам карданд. Сабаби он дақиқан маълум нест. Хоҷа Ансорӣ дар ин маврид гуфта, ки «магар дар ақида вайро хилале буда ва ё хатое дар сухан кардасри» Баъди баргаштан аз Ироқ дар Нишопур хонақоҳе барпо карда, дар он ба ибодату риёзат машғул шуд ва аз мардум канорагирӣ кард. Дар мазори Ҳамдуни Кассор мадфун аст. Аз Абулҳасани Пушангӣ таълифоте боқӣ намондааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абулҳасани Пушангӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 5, Т., 1383.