Ибни Раббани Табарӣ

(Тағйири масир аз Абулҳасан Алӣ ат-Табарӣ)

Абулҳасан Алӣ ибни Саҳл Раббани Табарӣ (форсӣ: ابوالحسن علی ابن سهل ربن طبری‎; 838 ё тақрибан 808[1], Омул, Устони Мозандарон870, Бағдод) — ҳаким, пизишк, файласуф ва равоншиноси шаҳири форс.

Ибни Раббани Табарӣ
Таърихи таваллуд 838 ё тақрибан 808[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 870
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ пизишкӣ[2], фалсафа[2], ахтаршиносӣ[2] ва риёзиёт[2]
Шогирдон Закариёи Розӣ[1]

Зиндагинома

вироиш

Ӯ аз Табаристон ба Раӣ (Эрон) кӯчида, дар он ҷо нахустин муаллими ар-Розӣ шуд. Ат-Табарӣ соли 850 доир ба тиб асари калони «Фирдавс ул-Ҳикмат»-ро таълиф кард, ки он аз 7 фасли зерин иборат аст: дар бораи унсурҳо ва тағӣирёбии онҳо, дар бораи рӯзгор, масъалаҳои гигиенаи умумӣ; дар бораи мизоҷ, узвҳо, ақл, шавқу завқ, гигиена ва ғаӣра; дар бораи хӯрок, патологияи умумӣ ва ҷузъӣ, дар бораи хосиятҳои ҷисму бадан, мева, сабзавот, навъҳои мухталифи гӯшт, шир, бӯӣ, чорво, доруҳои одӣ ва мураккаб; дар бораи мащал, кишвар, об, бод; дар бораи эътимоднокии тиб; дар бораи ситораҳо; дар бораи илми тиб; дар бораи парҳези, аӣёми саломатӣ; дар бораи сабабҳои беморӣ. Ат-Табарӣ инчунин муаллифи асарҳои дигар, мисли «Оид ба истеъмоли хӯрок, нӯшокиҳо ва адвия», «Оид ба ҳифзи саломатӣ», «Оид ба маҳоҷим», «Оид ба таснифи адвият» ва ғаӣра буд. Ат-Табарӣ ба ҳаӣси олими бузурги замони худ шуҳрат ва обрӯю эътибори калон дошта, ба равнақи тиб саҳми босазое гузоштааст ва дар таърихи тиб осори муносибе дорад.

Сарчашма

вироиш