Абулҳасан Аҳмад
Абулҳасан Аҳмад ибни ал-Муаммал (қарни Х — қарни IX) — адиб ва шоири арабизабони ҳамъасри Рӯдакӣ, мутарҷими ашъори форсӣ ба арабӣ.
Номи пурра | Абулҳасан Аҳмад ибни ал-Муаммал |
---|---|
Навъи фаъолият: | адиб—шоир |
Зиндагинома
вироишМувофиқи маълумоти Саолибӣ («Ятимат-уд-даҳр») дар назди сипаҳсолор Фоиқ ал-Хосса (вафот 999) чун дабир хидмат мекард ва шеър ҳам мегуфт. Аз манбаъҳо 32 байти ӯ дастрас гардидааст (қасида дар мадҳи вазири Сомониён Абунасри Абузайд мақтул дар соли 997; пораҳои хамриёт ва фахриёт). Ҳунари дигари Абулҳасан Аҳмад тарҷумаи ашъори шоирони форс-тоҷик ба забони арабӣ будааст. Саолибӣ ду байти Рӯдакӣ ва ду байти Маъруфии Балхиро, ки Абулҳасан Аҳмад тарҷума карда буд, сабт намудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абулҳасан Аҳмад // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Занд М. И., Искусство перевода в таджикской поэзии X века, дар маҷм. Рӯдакӣ ва замони ӯ, Сталинообод, 1958.