Абулҳусайн Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Нурӣ, мулаққаб ба «Амирулқулуб» ва «Қамаруссуфия»[1] (форсӣ: ابوالحسین نوری‎; ? — 907) — яке аз мутасаввифони машҳури форс-тоҷик (асри 10).

Абулҳусайни Нурӣ
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи таваллуд: 839
Таърихи даргузашт: 907
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Бо Ҷунайди Бағдодӣ низ аз наздик шинос будааст. Абулҳусайни Нурӣ табъу баёни шоирона доштааст. Сулламӣ дар «Ҳадоиқ-ут-тафсир» аз аҳволи ӯ зикр кардааст. Баъзе суханҳои Абулҳусайни Нурӣ дар китобе ба унвони «Рисолату мақомот-ул-қулуб» гирд омадаанд. Рисолаи мазкур бо муқаддима ва таълиқот дар Бейрут нашр шудааст. Ибни Ҷавзӣ дар «Талбиси иблис» ва Ибни Таймия дар рисолаи «Ар-рад ала-л-ҳурайрия» ақволеро ба ӯ мансуб донистаанд, ки эътиқоди ӯро нисбат ба ҳулул нишон медиҳанд.

Дар боби тасаввуф

вироиш

Абулҳусайни Нурӣ дар тасаввуф салиқаи хос доштааст. Дар боби ишқи илоҳӣ ба ақидаи муаллифи китоби «Ал-ламаъ фи-т-тасаввуф» байни Абулҳусайни Нурӣ ва фақеҳони исломӣ низоъ бархоста, ба таъқиб ва таҳрики Абулҳусайни Нурӣ ва ҳамфикрони ӯ анҷом ёфтааст. Ғулом Халил ном фақеҳ Абулҳусайни Нурӣ Абулҳусайни Нуриро барои афкори ирфониаш ба куфру зиндиқа айбдор намудааст. Абулҳусайни Нурӣ бар хилофи баъзе намояндагони асри аввали тасаввуф гӯшаи узлат ихтиёр кардани суфиёнро намеписандид. Бисёр нуктаҳои таълимоти ирфониро равнақ дода, ба муқобили таълимоти аҳкомпарастонаи дини ислом баромадааст. Аз ин рӯ, фақеҳон Абулҳусайни Нуриро ба куфру зиндиқа айбдор карда буданд. Роҷеъ ба таълимоти ирфонӣ ва каромоти ӯ дар тазкираҳои орифон маълумотҳо гирд омадаанд.

  1. ابوالحسین نوری - ویکی فقه. fa.wikifeqh.ir. 7 августи 2023 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш