Абумансур ибни Ҳасан ибни Нӯҳи Қамарии Бухорӣ (форсӣ: ابومنصور ابن حسن ابن نوه قمری بخاری‎; ? – 990) — донишманд ва пизишки форс-тоҷик, муаллифи «Рисола андар илоҷи амрози садр», «Китобу ғино ва муно», «Маҷмӯаи кабир дар адвияи муфрада», луғати тиббии «Ал-Манвир»..

Абумансури Бухорӣ
Таърихи даргузашт 990
Фазои илмӣ тиб

Зиндагинома

вироиш

Дар аҳди Сомониён зиндагӣ кардааст. Оид ба тиббу табобат таълифоти бисёр дорад: «Рисола андар илоҷи амрози садр» («Тарзу усулҳои муолиҷаи бемориҳои қафаси сина»), «Китобу ғино ва муно», «Маҷмӯаи кабир дар адвияи муфрада», луғати тиббии «Ал-Манвир». Дар таълифоти Абумансури Бухороӣ масъалаҳои муҳими тибби назариявӣ ва амалӣ, анатомия ва физиология, амрози гуногун, тарзу усулҳои пешгирии бемориҳо, беҳдошти об, манзил ва ғайра инъикос ёфтаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Исҳоқӣ, Ю., Тоҷиев Я., Таърихи мухтасари тибби тоҷик, Д., 1993.

Сарчашма

вироиш