Абумансури Мотуридӣ
Абумансур Мотуридии Самарқандӣ (ар. أبو منصور محمد بن محمد بن محمود الماتريدي السمرقندي; тақрибан 852[1], Мотурид[d], Хилофати Аббосиён[2] — 944[3][1][4][…], Самарқанд, Мовароуннаҳр, Хилофати Аббосиён) — мутакаллим, фақеҳ, файласуф ва муфассири форс-тоҷик, муассиси фирқаи мотуридия.
Абумансури Мотуридӣ | |
---|---|
араб. ар. أبو منصور محمد بن محمد بن محمود الماتريدي السمرقندي | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | фақеҳ, мутакаллим, муфассир, файласуф, ориф |
Таърихи таваллуд: | тақрибан 852[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 944[3][1][4][…] |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом ва суннӣ |
Самти фаъолият: | илоҳиётшиносии исломӣ[d], илми калом, тафсир ва усули фиқҳ[d] |
Осор: |
Феҳрист
|
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишНоми пурраи мутафаккир Абумансур Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуд ал-Ҳанафӣ ал-Мотуридии ас-Самарқандӣ мебошад. Соли таваллуди ӯ дақиқ маълум нест, вале тахмин меравад, ки ӯ дар соли 870 мелодӣ дар деҳаи Мотуриди атрофи Самарқанд ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро аз падараш Муҳаммад ибни Маҳмуд дар мактаби деҳаи худ Мотурид (ҳоло ноҳияи Ҷомбой) гирифта, сипас таҳсилро дар шаҳри Самарқанд, идома медиҳад. Замони зиндагии Мотуридӣ интиқоли пойтахт аз шахри Самарқанд ба Бухоро (охири асри 9) рост меояд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, Самарқанд ҳам мисли Бухоро маркази иктисодӣ, илмӣ ва маънавии Мовароуннахр буданашро аз даст надод. Дар аксари маворид маъхазҳо хабар медиҳанд, ки ӯ соли 944 дар Самарканд вафот кардааст. Оромгоҳи ӯ дар қабристони Чокардиза, дар наздикии шаҳри мазкур ҷойгир аст[5].
Осор
вироиш- «Китобу-т-тавҳид»;
- «Тавилоту аҳли суннат»;
- «Китобу-л-мақолот»;
- «Баёну ваҳми-л-муътазила»;
- «Радду авили-л-адилати ли-л- Каъбӣ»;
- «Радду ваиди-л-фасоқ ли-л-Каъбӣ»;
- «Радду таҳзиби-л-ҷадал ли-л- Каъбӣ»;
- «Радду усули-л-хамса лил-Боҳилӣ»;
- «Ар-раду ала ал-Қаромата»;
- «Радду-л-имома либаъзи равофиз»;
- «Панднома».
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Персей — 2005.
- ↑ 2.0 2.1 Али-заде А. Абу Мансур аль-Матуриди (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
- ↑ 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 4.0 4.1 https://wikidata-externalid-url.toolforge.org/?p=8034&url_prefix=https://opac.vatlib.it/auth/detail/&id=495/34784 (ингл.)
- ↑ Абумансур ал-Мотуридии Самарқандӣ ки буд?. www.mit.tj. Маркази исломшиносӣ (24 октябри 2022). 5 октябри 2023 санҷида шуд.