Фарорӯд

минтақаи таърихии Осиёи Марказӣ

Мовароуннаҳр (ар. ماوراءالنهر‎) Трансоксиана/Трансоксания (лот. Transoxiana / Transoxania) ва Варазрӯд/Фарорӯд (форсӣ: فرارود‎) — истилоҳе, ки аз асри VIII то минтақаи таърихӣ-ҷуғрофӣ дар Осиёи Марказӣ (Миёна) истифода мешавад.

Мовароуннаҳр, Хоразм ва Хуросони Бузург.
«Сан-сай»-и чинӣ: ҳайкалчаи сафолии тасвири роҳиби суғдӣ, ки ба давраи сулолаи Тан (618-907 милодӣ) тааллуқ дорад

Ном ва ҳудуд

вироиш

Таърих чунин шудааст, ки Осиёи Миёна дар давраҳои гуногуни таърих ба таври гуногун номида мешуд. Баъд аз забт шудани Осиёи Миёна аз тарафи Искандари Мақдунӣ дар минтақа низ чун «Трансоксиана» ё «Трансоксания» (лот. Transoxiana / Transoxania) бо номи дарёи Окс(ус) (ҳоло Омударё) маълум шуд. Дар баъзе маъхазҳои юнонӣ ва лотинии (румании) қадим ин ду варианти дар боло зикргардидаи номи минтақаи байни дарёҳои Окс ва Яксарт (Сирдарё) дида мешавад. Аз юнонию лотинии қадим ин вариант ба дигар забонҳои аврупоӣ ворид шуд ва минтақа бо ин номҳо дар Аврупо маъруф шуд.

Номи Мовароуннаҳр, ки ҳангоми таҳоҷуми араб дар Осиёи Марказӣ, дар 7асри 8 пайдо шуд ва аслан маънои ҳудуди васеъ дар соҳили рости Ҷайҳун (ҳоло Омударё) дорад. Баъдан « Мовароуннаҳр » манотиқи қатъӣ байни дарёҳои Ҷайҳун ва Сайҳун (ҳоло Сирдарё), яъне минтақаеро дар назар дошт, ки қисми зиёди қаламрави онро заминҳои обёришаванда, кӯҳу даштҳо ишғол мекунанд. Маҳз дар Мовароуннаҳр муҳимтарин шаҳрҳои ҷаҳони исломи он давра, инчунин шаҳрҳои дорои фарҳангу тамаддуни баланд, аз қабили Самарқанд, Бухоро, Шаш, Нахшаб, Кармана, Фарғона, Хуҷанд, Кеш ва ғайра ҷойгир буданд. Ҳарчанд шари Туркистон дар соҳили рости Сайҳун, яъне берун аз Мовароуннаҳр ҷойгир бошад ҳам, аксаран ба ин минтақа дохил мешуд.

Ҳоло Ӯзбекистон як қисми калон ва марказии минтақаи таърихию географии Мовароуннаҳрро ишғол мекунад. Мовароуннаҳр инчунин қисматҳои ҷанубии вилоятҳои Қизилӯрда ва Туркистони Қазоқистон ва қисматҳои ғарбӣ (вилояти Хатлон ва НТҶ) ва шимоли (вилояти Суғд) Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Адабиёт

вироиш