Абумансур Азҳарӣ Муҳаммад ибни Нӯҳи Ҳиравӣ (895, Ҳирот980) — адиб ва забоншиноси эронинажоди арабзабон. Ба забони арабӣ эҷод кардааст. Аввал дар зодгоҳаш, сипас дар Бағдод таҳсил кардааст. Мувофиқи маълумоти Ёқути Ҳамавӣ («Мӯъҷам-ул-удабо») Азҳарӣ соҳиби 70 асари илмию адабӣ, аз қабили «ал-Адавот» («Асбобу олот»), «ат-Таҳзиб фи-л-луға» («Грамматика»), «Маони шавоҳиди ғариб-ал-ҳадиси» («Маъниҳои калимаҳои номаълум дар ҳадис»), «Тафсир ислоҳ-ал-мантиқ» («Тафсири мантиқ»), «Тафсир шеър Абитаммом» («Шарҳи девони Абутаммом») ва ғайра будааст.

Абумансур Азҳарӣ
Муҳаммад Абумансур Азҳарӣ
Таърихи таваллуд: 895(0895)
Зодгоҳ: Ҳирот
Таърихи даргузашт: 980(0980)
Маҳалли даргузашт: Ҳирот
Навъи фаъолият: Адиб

Сарчашма

вироиш