Абумансури Муваффақ

Абумансури Муваффақ ибни Алии Ҳиравӣ (ар. أبو منصور الموفق بن علي الهروي‎; асри X, Ҳирот976[1]) — пизишк ва дорусози форс-тоҷик, аввалин касе аст, ки дар аҳди Мансури I Сомонӣ ба навиштани китоби дорушиносӣ иқдом кард.

Абумансури Муваффақ
Таърихи таваллуд асри X
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 976[1]

Зиндагинома

вироиш

Ягона маъхазе, ки аз он метавон лаҳзаҳои ҳаёти Абумансури Муваффақро арзёбӣ кард, асари ӯ «Ал-Абния ан ҳақоиқ-ил-адвия» аст. Он аз хусуси адвияи муфрада ва хасоиси онҳо баҳс мекунад. Абумансури Муваффақ худ дар муқаддимаи китоб навиштааст, ки расоили ҳакимони пешин ва олимону табибонро ҷустуҷӯ карда, «дар адвияву ағзияи муфрад ва… кирдори ҳар доруе ва манфиатҳову мазарратҳояш» ба тааммул нигариста, аз Буқрот, Ҷолинус, Дисқуридус, Ибни Раббани Табарӣ, Ҳусайн ибни Исҳоқ, Собит ибни Қурра, Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Синон ибни Собит ва Мусо ибни Синон нақли қавл кардааст". Асар соли 1056 таълиф ёфтааст. Муаллиф дар он 585 навъи доруворро мавриди тадқиқ қарор додааст. Абумансури Муваффақ дар фаъолияти хеш шеваи кори пизишкони ҳиндӣ ва назариёти онҳоро бештар меписандидааст, зеро, ба ибораи худи вай, «дору он ҷо бештар аст ва ақоқир он ҷо тезтару хуштар ва ҳиммати он мардумон ба истиқсо андар ҳикмат болиғтар аст».

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт

вироиш
  • Абумансур Муваффақи Ҳиравӣ, Ал-Абния ан-ҳақоиқ-ил-адвия. Ба кӯшиши Аҳмади Баҳманёр ва Ҳусайни Маҳбуби Ардаконӣ, Т., 1346;
  • Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 6, Т., 1373;