Абумансур Ҳусайн ибни Тоҳир маъруф ба ибни Зайла (тав.990, Исфаҳон1048, Ҳамадон) — олим, нависанда ва мусиқишиноси форс-тоҷик.

Абумансур Ҳусайн
Абумансур Ҳусайн
Таърихи таваллуд 990
Зодгоҳ Исфаҳон
Таърихи даргузашт 1048
Маҳалли даргузашт Ҳамадон

Зиндагинома

вироиш

Илмҳои тиб, мусиқӣ, фалсафаро дар зодгоҳаш шаҳри Исфаҳон аз бар намуд. Аз шогирдони боистеъдоди Абуалии Сино буда, бисёр илмҳои замонашро аз ӯ омӯхтааст. Дар илмҳои риёзиёт, фалсафа, ҳадис ва тиб таълифоти зиёд дорад, ки «Ал-ихтисор мин-ат-табииёт-иш-шифо», «Шарҳи «Ҳай ибни Яқзон» аз ҷумлаи онҳост. Асари назариявии ӯ «Китоб-ул-кофӣ фӣ-л-мусиқӣ» дар пайравии «Рисолаи мусиқӣ»-и Сино таълиф шудааст. Асар аз 3 фасл иборат аст: фасли аввал дар баёни нағма ва шароити ба миён омадани он, фаслҳои дуюм ва сеюм дар баёни иқоъ (зарбҳои мусиқӣ) ва алҳон (оҳангҳои мусиқӣ) баҳс менамоянд. Асари ӯ соли 1964 бо саъй ва эҳтимоми олими араб Закариёи Юсуф дар Бағдод ба табъ расидааст.

Адабиёт

вироиш
  • Раҷабов АСРИ, Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мксиқии замони Рӯдакӣ, Д., 2008;
  • Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.

Сарчашма

вироиш