Аҳмад ибни Иброҳими Абунасри Толиқонӣ (форсӣ: احمد بن ابراهیم ابونصر طالقانی‎; қарни XI) — шоири форс-тоҷики даврони Салҷуқиён.

Абунасри Толиқонӣ
форсӣ: احمد بن ابراهیم ابونصر طالقانی
Номи пурра Аҳмад ибни Иброҳими Абунасри Толиқонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Дар тазкираҳо аз ӯ чун шоири дарбори Салҷуқиён ва вазири машҳур — Низомулмулк (1017—1092) сухан меравад. Девонаш дастрас нагардидааст, вале қасоиди бисёре аз ӯ дар тазкираҳо омадааст, ки баъзеи онҳо дар мадҳи Низомулмулк мебошанд[1]. Ба ғайр аз ин аз Абунасри Сарроҷ рубоиҳои панду андарзӣ, ишқӣ ва ғайра дастрас гардидаанд. Абёти зерин намунае аз эҷодиёти ӯст:

Накунад бо адӯ мудоро суд,
З-ӯ ба ҳар ҳол дур бояд буд.
Гарчи дорӣ ба ноз каждумро,
Бигазад, ҳар куҷо биёбад, зуд.

Адабиёт

вироиш