Абунасри Фароҳӣ
Абунаср Бадруддин Масъуд ибни Абибакри Фароҳӣ (форсӣ: ابونصر بدرالدین مسعود بن ابیبکر فراهی; Фароҳ — 1242) — шоир ва луғатноманависи форс-тоҷик, муаллифи луғатномаи арабӣ ба форсии «Нисобу-с-сибён».
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1242 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | фарҳангнавис, шоир |
Фаъолияти эъодӣ
вироишАбунасри Фароҳӣ мусаннифи фарҳанги арабӣ-форсии «Нисобу-с-сибён» аст, ки бо супориши вазири маъруфи Салҷуқиён Низомулмулк (1017—1092) нигошта шудааст. Дар пайравӣ ба ин асар донишмандони бисёре фарҳангҳои гуногун таълиф кардаанд. Яке аз корҳои дигари Абунасри Фароҳӣ ба назм даровардани асари Шайбонӣ «Ҷомеъу-с-сағир» мебошад (1116).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абунасри Фароҳӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Муҳаммад Авфӣ, Лубобу-л-албоб, Т., 1333 ҳ. ш;
- Саид Нафисӣ, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, Т., 1344 ҳ. ш.